Имрӯз бар пайи тағйироти кадрӣ бархе раисони додгоҳҳо ва додситонҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар барканор ва ба ҷойи онҳо кадрҳои нав таъин шудаанд. Ҳамчунин тағйироти кадрӣ дар бахшҳои неруҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллӣ, сохтмону меъморӣ ва телевизионҳо низ сурат гирифтааст.
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон бо ин кадрҳои тозатаъин мулоқот кардааст.
Бино ба иттилои манбаъ, бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон Парвиз Абдураҳимзода, сардори Хадамоти давлатии меъморӣ ва сохтмон, Шаҳриёр Абдурасулзода, сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ ва Бахтиёр Ашурзода, сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд.
Ҳамчунин Сафарбек Нуруллозода, директори Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар» таъин шудааст.
Тавре чанд соат пештар "Азия-Плюс" бо такя ба манобеаш дар Кумитаи телевизион ва радио хабар дода буд, бо қарорҳои дигари ҳукумат Дилафрӯз Амирзода, мудири телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Ҳамза Маҳмудӣ, мудири телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон ва Бахтовари Сайфулло телевизиони мусиқии «Шаҳнавоз» таъин гардидаанд.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳур ҳамчунин аз таъин раисони нави додгоҳҳои ноҳияҳои ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Шаҳритус ва шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, раисони суди шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Гулистон, ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, раиси суди ноҳияи Лахш ва судяҳои як қатор шаҳру навоҳии мамлакат бинобар ба анҷом расидани мӯҳлати ваколати дар вазифаи судя будан аз вазифа озод гардида, бо натиҷагирӣ аз фаъолияти хизматӣ ва таъмини адолати судӣ ба вазифаҳои масъултар таъин гардиданд.

Ҳамчунин дар мақомоти додситонӣ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, додситонҳои ноҳияҳои Роштқалъа ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, додситонҳои шаҳрҳои Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, додситонҳои шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Гулистон, Истиқлол, ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ, Шаҳристони вилояти Суғд, додситони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ тоза таъин шудаанд.
Ба навиштаи манбаъ, "зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ, таъмини адолати судӣ, баррасии шаффофу одилонаи парвандаҳо, мубориза бар зидди хариду фурӯши замин ва қонуншиканиҳо дар ин самт, таҳким ва ҳифзи сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки кадрҳои ҷавону болаёқат бо назардошти таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро баланд бардоранд".
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2026
Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста