Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон аз ширкатҳои сайёҳӣ хостааст, сайёҳони хориҷиву дохилиро ба минтақаи кӯҳистонии Саратоғи ноҳияи Айнӣ набаранд, зеро дар он ҷо эҳтимоли хуруҷи бемории хатарноки “тоун” ва сироятёбӣ ба он зиёд аст.

Ин дархости худро Кумитаи рушди сайёҳӣ 28-уми марти соли ҷорӣ, дар асоси хулосаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва бо ирсоли як нома ба ширкатҳои сайёҳӣ, ки нусхаи он дастраси “Азия-Плюс” шуд, ироа кардааст.

Дар он нома зикр мешавад, ки “дар аввали асри гузашта дар минтақаи Саратоғи ноҳияи Айнии вилояти Суғд бемории ниҳоят хавфноки “тоун” ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи он 250 аҳолии минтақаи мазкур фавтидаанд”.

“Тибқи хулосаи вазорат бо назардошти тағйирёбии иқлим бемории ниҳоят хавфноки “тоун” метавонад аз манбаъҳои нуҳуфтаи сироят кушода шуда, дар натиҷа сайёҳони дохилию хориҷӣ сироят ёбанд”, - гуфта мешавад дар мактуби Кумита.

Бояд гуфт, ки тибқи маълумоти дастрасшуда, бемории тоун, ки аз хояндаҳо, ба мисли мушу калламуш ва ё суғур метавонад ба инсон гузарад, дар сурати таъхир дар муолиҷа инсонро зуд мекушад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.