Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ки ду ҳафта ба ин сӯ муносибати мақомоти Русия алайҳи онҳо беш аз пеш сардтар шудааст ва бо баҳонаҳои гуногун онҳоро аз ин кишвар хориҷ мекунанд. Тоҷиконе, ки дар фурудгоҳи “Внуково”-и Маскав банд монда буданд, саргузашти худро ба “Азия-Плюс” қисса карданд. Ба гуфтаи онҳо, мусофироне, ки ба кишварҳои арабӣ рафтаанд, аз марзи Туркия гузаштаанд ва ё риш доранд, ҳамаашон ихроҷ гардидаанд.

Муҳоҷироне, ки солҳо инҷониб дар Русия кору фаъолият мекунанд, барои дар қайд гузоштани макони зист бо мушкил гирифтор шудаанд ва чандин нафари онҳо ҳам ихроҷ гашта ва ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.

Суҳайл Раҳим (ному насаб иваз карда шуд), як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия ворид шудан мехост, як шабонарӯз дар фурудгоҳи байналмидлалии “Внуково” дар Маскав боздошт шуд ва билохира баъди як шабонарӯз бидуни ҳеҷ сабаб аз ин кишвар ихроҷ гардид.

Ӯ зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” он чизеро ки аз сар гузаронд, қисса кард ва сабабҳои эҳтимолии ихроҷи ҳамсафаронашро ҳам гуфт.

 

Муносибати сахт танҳо бо тоҷикон

Суҳайл гуфт, рӯзи 29-уми апрел аз Душанбе ба Маскав парвоз кард ва ҳамин ки вориди фурудгоҳи “Внуково” гардид, аз ҷониби кормандони Хадамоти федералии амният (ФСБ) дар толори интизории фурудгоҳ боздошт шуд.

“Бо мусофирон кормандони фурудгоҳ ё гумрук кор намегирифтанд, фақат кормандони ФСБ мегуфтанд, ки ин ҷо истеду он ҷо равед. Сабаби дар толори интизорӣ нигоҳ доштани садҳо муҳоҷирро ҳам намегуфтанд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Номбурда афзуд, ки “чунин муносибат бо мусофирони хатсайрҳое буд, ки аз Тоҷикистон ба самти Русия рафтаанд, агарчи дар дохили онҳо мусофирони  ӯзбеку қирғиз ва ҳатто тоҷикони шаҳрвандии Русияро дошта ҳам буданд”.

Ин мусофир идома дод, кормандони ФСБ ба навбат як-як мусофиронро даъват мекарданд ва якеро иҷозаи вуруд дода, дастикам панҷ каси дигарро ихроҷ мекарданд ва нимшӯхиву нимҷиддӣ афзуд, ки “мисли лоторея буд”.

Ба гуфтаи ӯ, аз хатсайри онҳо, ки 120 нафар вориди фурудгоҳи “Внуково” шуд, беш аз 70 нафараш аз ин кишвар ихроҷ ва ба ватан фиристода шуд.


 

“Ҳоҷиёну ришдоронро ихроҷ карданд”

Ба қавли Суҳайл, агар мусофир риш дошта бошад, ба кишварҳои арабӣ, махсусан ба Арабистони Саудӣ сафар карда бошад ё аз марзи Туркия гузашта бошад, ихроҷ мешавад.

“Кормандони ФСБ маълумоти ҳар нафарро месанҷиданд. Дар миёни ихроҷшудаҳо нафарони ба ҳаҷрафта ё ришдошта зиёд буданд. Ҳатто агар ба Туркия ҳам рафта бошанд, ихроҷ мешуданд. Аммо нафароне ҳам буданд, ки бе сабаб ихроҷ мешуданд. Масалан, ман ихроҷ шудам, ки на риш доштаму на ҳоҷӣ будаму на ба Туркия рафтаам”, - иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Ба қавли Суҳайл, ин “депортатсия” набуд, балки “видворения” буд ва ҳаққи вурудро аз мусофирон ба муддатҳои гуногун гирифтаанд.

Ӯ гуфт, ки қаблан ҳам борҳо ба Русия рафта буд, ҳуҷҷатҳояш комилан дуруст буданд ва қонуншикание накардааст, мақсади сафар ҳам муҳоҷирати меҳнатӣ буду бас.

“Дигар намехоҳам, ки ба Русия равам, дилам гирифт аз ин муносибату аз ин кори русҳо, нақша дорам, ки ҳуҷҷатҳоямро ба кори мавсимӣ ба Англия супорам ва дигар кӯшиш мекунам, ки ба кишварҳои ғарбӣ равам”, - гуфт Суҳайл.

 

Баҳонаҳо барои ихроҷ аз Русия

Ҳамсуҳбати дигар мо Манижаи Ҷалил (ному насаб иваз карда шуд), ки дар шаҳри Маскав беш аз 15 сол инҷониб зиндагӣ мекунад, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” бо нигаронӣ иброз намуда, ки бори аввал чунин муносибат бо муҳоҷиронро мебинад.

Ӯ мегӯяд, гарчанде онҳо шаҳрвандии Русияро низ доранд, вале чанд маротиба барои тафтиши хуҷҷатҳои онҳо кормандони мақомоти дахлдор ба манзилашон омадаанд.


Ба гуфтаи ҳамсуҳбатамон, ҳоло ихроҷ намудани чанд нафар аз хешовандонаш аз Русия ӯро нигарон намудааст, чун онҳо ноновари хонавода буда, тамоми мушкилоти зиндагӣ дар хонаводаашон ба дӯши онҳост.

Манижа мегӯяд, 4 нафар аз хешовандонаш, ки беш аз 8 сол дар ин кишвар кору фаъолият мекунанд, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар Маскав қарор дошта, рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон истирдод мешаванд.

“Ин 4 ҷавон ноновари падару модар буданд ва таъмини рӯзгори хонавода бар дӯшашон аст. Ҳоло намедонем, онҳо дар кадом шароит қарор доранд. Маълумоти бештаре дар бораи онҳо надорем, танҳо тамос гирифта, огоҳ намуданд, ки онҳо боздошт шудаанд ва ба Тоҷикистон фиристода мешаванд”, - гуфт Манижа.

Ба гуфтаи ин хонум, сабаби асосии ихроҷи наздиконаш бинобар дар манзиле, ки онҳо дар қайд буданд, зиндагӣ накарданашон мебошад.

“Ҳеҷ мушкил бо ҳуҷҷат надоштанд ва қонунеро низ вайрон накардаанд. Ба гуфтаи масъулони ФСБ онҳо бояд дар манзиле, ки худро дар қайд гузошта буданд, иқомат мекардаанд, вале онҳо дар дигар суроға зиндагӣ мекарданд. Ин масъала наметавонад сабаб бошад, ки онҳо аз ин кишвар ихроҷ шаванд”, бо ибрози нигаронӣ гуфт номбурда.

 

“Дар асл вазъият нигаронкунанда аст”

Ӯ ҳамзамон афзуд, ки ин аввалин ҳодисае нест, ки онҳо дучор мешаванд, чун чанд рӯз пеш тоҷиконе, ки дар ҳамсоягии онҳо зиндагӣ мекунанд, қисса кардаанд, ки ду бародарашонро, ки аз Тоҷикистон ба Русия меомаданд, дар фурудгоҳ бе ягон сабаб ихроҷ намуданд ва ҳоло онҳо дубора ба ватан фиристода шуданд. Ин ҷавонон низ солҳои зиёд ба ин кишвар танҳо ба хотири муҳоҷират ва кор меомаданд.

“Бовар кунед, дилатон ба ҳоли тоҷикон месӯзад. Мисли дуздон ва ҷинояткорон дар кӯча мегарданд, чун дар ҳар қадам аз онҳо ҳуҷҷат мепурсанду тафтиш мекунанд. Ҳоло ба шунидаи мо, соҳибхонаҳое, ки муҳоҷиронро дар қайди хонаҳои худ гузошта буданд, аз қайд мебароранд ва дигар дар қайд гузоштан низ мушкили пеш меорад”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Манижа илова кард, ки гарчанде мақомоти расмӣ вазъияти баамаломадаро муваққатӣ ё баъзан рад мекунанд, вале “дар асл вазъият нигаронкунанда аст”.


 

Таърихчаи мушкилоти бавуҷудомада

Бояд гуфт, мушкили вуруд ба Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон тахминан ду ҳафта пеш оғоз шуд. Он замон садҳо тоҷиконе, ки мехостанд тавассути Қазоқистон вориди Русия шаванд, шикоят карданд, ки онҳоро ба таври хос ва шадидтар аз шаҳрвандони кишварҳои дигар тафтиш мекунанд ва баъди ин ҳам аксариятро намегузоранд вориди Русия шаванд.

Расман дар бораи мушкили муҳоҷирон дар гузаргоҳҳои Русия танҳо ВКХ Тоҷикистон хабар дод. Рӯзи шанбе Вазорат ба шаҳрвандони кишвар тавсия дод, ки “аз сафар ба қаламрави Русия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт бе зарурат мувақаттан худдорӣ намоянд”.

Ҳамон рӯз ВКХ Русия дар бораи санҷиш дар гузаргоҳҳо дар робита ба амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” изҳори назар кард.

Рӯзи якшанбе ВКХ Тоҷикистон хабар дод, ки 954 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи “Внуково”-и Русия бидуни фароҳам овардани шароити санитарӣ қарор доранд.

Рӯзи душанбе ВКХ Тоҷикистон “бо изҳори нигаронӣ” аз вазъият ба сафири Русия нотаи эътирозӣ супорид. Рӯзи чоршанбе суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров баргузор шуд. Сироҷиддин Муҳриддин  ба Сергей Лавров изҳор намуд, ки чунин бархӯрди манфӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақзи густурдаи ҳуқуқу озодиҳои онҳо ба принсипҳои равобити дуҷониба мувофиқат намекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.