Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) аз шадид шудани чораҳои амниятӣ дар минтақаҳои сарҳадии кишвар хабар медиҳад. Дар ин бора изҳороти ин ниҳод дар АМИТ “Ховар” имрӯз, 17-уми май, нашр шуд.
Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷиву шахсони бекшаҳрванд расонидааст, ки “воридшавӣ ба минтақаҳои сарҳадӣ ва даромаду баромад”-ро зери назорати ҷиддӣ мегирад”.
Ин ниҳод сабаби чунин тасмимро “ҳифзу ҳимояи ҳудуди мамлакат, суботу оромӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи сокинон” гуфтааст.
“Тамоюли рӯ ба мураккаби вазъияти минтақа ва ҷаҳон, талошҳои ташкилоти террористию экстремистӣ баҳри убури ғайриқонунии сарҳадҳои давлатӣ ва амалӣ сохтани актҳои зиддибашарии террористӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд, ки ҳифзу ҳимояи ҳудуди мамлакат, суботу оромӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи сокинон пурзӯр карда шавад”, - омадааст дар изҳороти КДАМ.
Ин ниҳод аз моддаи 19-уми қонун дар бораи сарҳади давлатӣ ёдовар шуда, гуфтааст, ки “постгоҳҳои сарҳадӣ даромаду баромади шаҳрвандонро ба минтақаҳои сарҳадӣ зери назорати ҷиддӣ мегиранд”.
Неруҳои марзбонии кишвар аз шаҳрвандону меҳмонони кишвар даъват кардааст, ки “ҳангоми сафар ба минтақаҳои сарҳадии ВМКБ ва вилояти Хатлон бо худ шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошанд”.
“Воридшавӣ ба минтақаҳои номбурда бе риояи чунин талабот иҷозат дода намешавад”,- гуфтааст ин ниҳод.
Маълум нест, ки ин чораҳои аз кай амалӣ мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста