Дар артиши Тоҷикистон сарбозон аксар вақт аз ҷониби ҳамкорони калонсолашон мавриди таҳқир қарор мегиранд, аз қабили лату кӯб, паст задани шаъну эътибор, таҳдиди таҷовуз ба номус ва ғайра. Дар натиҷаи ҷой доштани муносибатҳои ғайриоинномавӣ, наваскарон ҳатто ҳалок мешаванд (ин омор нигаронкунанда аст) ё маъюб ба хона бармегарданд.
Оё онҳо метавонанд дар ин ҳолат ба ягон ҷуброн умедвор шаванд?
Ду навъи ҷуброн мавҷуд аст: моддӣ ва маънавӣ: Агар сарбоз барои барқарор намудани саломатӣ ва харидани доруворӣ маблағ сарф карда бошад, пас давлат уҳдадор аст, ки ҳамаи ин хароҷотро ҷуброн кунад.
Равоншинос ҷуброни маънавиро ба таври инфиродӣ муайян мекунад, яъне маблағи «зарари маънавӣ» ҳисоб шуда, ба додгоҳ тавсия медиҳад, ки мувофиқи осеби равонӣ ба сарбоз чӣ қадар пул пардохт шавад.
Волидайне, ки кадом ҳолатҳоро паси сар кардани фарзандонашонро мебинанд, инчунин ҳақ доранд, ки ҷуброни зарари моддӣ ва маънавиро талаб кунанд.
"Ба онҳо низ бояд ҷубронпулӣ дода шавад, аммо ба шарте, ки равоншиносон осеби онҳоро сабт кунанд", - мегӯяд роҳбари ТҶ "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ Дилрабо Самадова.
Ҷуброни моддӣ ба волидайн дар сурате дода мешавад, ки онҳо ба аёдати писари сарбози ҷабрдидаашон рафта, дору харидаанд. Ҷуброни маънавӣ бошад, ба мисли сарбозон бо тавсияи равоншинос дода мешавад.
«Агар сарбозон ҳангоми хизмати ҳарбӣ маҷрӯҳ ва ба саломатиашон осеб расад, онҳо низ ба пардохти кумакпулии якдафъаина ҳақ доранд, ки аз ҳисоби суғуртаи давлатии ҳаёт ва саломатии сарбозон ҷудо карда мешавад», - илова намуд Дилрабо Самадова.
Дар ҷуброн ҳам маблағ ва ҳам расонидани ёрии тиббию равонӣ то барқарор шудани саломатӣ дар назар дошта шудааст.
Аммо тавре мутахассис зикр мекунад, дар амал дар Тоҷикистон ҷуброни зарари маънавӣ дар мавридҳои марбут ба хизматчиёни ҳарбӣ қариб нест.
“Дар мо ҳолатҳое ҷой доранд, ки волидон барои табобати ҷабрдида ҷубронпулӣ гирифтаанд. Аммо ҷуброни маънавӣ танҳо дар сурати марги сарбоз пардохт шуд.
Вақте ки сарбозро латукӯб мекунанду бар асари он ӯ ҳалок мешавад, аъзои оила ва волидонаш ҷабрдида эътироф шуда, ба онҳо ҷуброни маънавӣ пардохт мешавад. Ҳамчунин, вақте ки худи ҷабрдида ҷуброни маънавӣ талаб мекунад, онро ба ӯ пардохт мекунанд”, - изҳор дошт мутахассис.
Дар ин ҷо донистан лозим аст, ки ҷуброни маънавӣ барқарорсозии ҳуқуқи инсон аст. Зеро вақте ки ӯ мавриди шиканҷаву латукӯб қарор мегирад ё ҳалок мешавад, шахси гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Ӯ ҷазо мегирад, аммо ҳуқуқи шахси ба саломатиаш осебрасидаву маҷруҳшуда ё фавтида барқарор намешавад.
Адолат мувофиқи қонун ҳукмфармо мегардад, аммо ҳуқуқи ӯ не, ҳатто агар шахси гунаҳкор тибқи қонун ҷазо гирифта бошад.
Аз ин рӯ, пардохти ҷуброни маънавӣ низ муҳим аст. Ва танҳо вақте ки давлат онро пардохт мекунад, ҷабрдида метавонад бигӯяд, ки ҳуқуқаш барқарор шудааст.
Ва дар омади гап, дар ин маврид қонунгузории Тоҷикистон ҷуброни маънавиро ба инобат мегирад”, - шарҳ медиҳад Дилрабо.
Агар шумо ба муносибатҳои ғайриоинномавӣ дучор шудед, занг занед!
Сарпрокуратураи ҳарбӣ
223 10 37
ДОШ (Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ)
93 333 17 03 (Душанбе ва НТМ)
93 333 18 03 (Суғд)
Суроға: ш. Душанбе, МС «Пойтахт»
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
221 79 89.
Вазорати мудофиа
227 49 82
Суроға: кӯч. Бохтар, 59.
Прокуратураи ҳарбии гарнизонҳои минтақавӣ:
Душанбе - (+992 37) 2330485
Бохтар – (83222) 2 46 24, рақами навбатдор шабонарӯзӣ фаъол аст - (83222) 2 88 95
Кӯлоб – (83322) 2 30 40
Хоруғ – (83522) 2 12 59
Хуҷанд - (+992 3451) 56802.