Дар пайи тафтишу назорати шадиди муҳоҷирони кории тоҷик дар Қазоқистон ва татбиқи чораҳои пурзӯри амниятӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии ин кишвар, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия дод, ки пеш аз сафар ба Қазоқистон ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ дошта бошанд.

Ин ниҳод бо нашри як изҳорот гуфтааст, муҳоҷирони кории тоҷикро зарур аст... “ба саволҳои марбут ба мақсади сафар, замони бозистодан (будубош), ҷои истиқомат, робитаҳои хешовандӣ ва дӯстӣ доштан бо сокинони Қазоқистон мушаххас ҷавоб дода, дар сурати лозим будан, суроғаи истиқоматӣ ва рақамҳои телефони онҳоро барои тамос пешниҳод намоянд”.

ВКХ Тоҷикистон илова кардааст, ки дар сурати дучор гардидан бо мушкилиҳо дар ин кишвар шаҳрвандон бояд ба сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон (тел: +77761760043 – WhatsApp, [email protected]) ё Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Алмато (тел: +77775883115 – WhatsApp, [email protected]) муроҷиат кунанд.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки дар пайи фишори шадид болои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия тайи ду ҳафтаи охир, баъзе аз муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон ҳам ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки “санҷишу боздошт ва ихроҷи зодагони Тоҷикистон дар ин кишвар низ афзудааст”.

"Инҷо вазъияти тоҷикон хуб нест. Амалиёт гузаронда, бисёриҳоро меронанд. Ҳатто чанд нафаре, ки иҷозаи муваққатии иқомат доштанд, низ боздошту ихроҷ карда шуданд”, - гуфтааст як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Қазоқистон қариб 6 сол аст, кор мекунад.

Дар ҳамин ҳол, ду рӯз пеш, 5-уми май, полиси Қазоқистон хабар дод, ки дар пайи як амалиёти вижа 16 шаҳрванди Тоҷикистону Ӯзбекистонро барои фаъолият бидуни ҳуҷҷати дахлдор боздошт ва аз ин кишвар хориҷ кардаанд.

“Шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Сатпаев бидуни иҷозатнома ва ҳуҷҷатҳои дахлдор кор мекарданд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, талаботи бо ҳукми суд муқарраршударо иҷро накарда, қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистонро дар соҳаи муҳоҷират вайрон кардаанд”,-гуфта мешавад дар паёми полиси Қазоқистон.

Ин дар ҳолест, ки ВКХ Тоҷикистон навиштааст, “миёни мақомоти дахлдори Тоҷикистону Қазоқистон ҳамкории зич ва созанда идома меёбад”.


Тафтишу назорати шадид ва татбиқи чораҳои амниятӣ дар фурудгоҳҳои Қазоқистон дар ҳолест, ки тайи ду ҳафтаи охир Русия садҳо шаҳрванди Тоҷикистонро дар фурудгоҳу гузаргоҳҳои заминии ин кишвар мӯшикофона санҷида, қисми зиёди онҳоро бидуни шарҳ аз ҳақи ворид ба Русия маҳрум кард.

Ин “хашм”-и Тоҷикистонро ба бор овард ва ҶКХ-и кишвар ба сафири Русия нотаи эътирозӣ супорид. Баъди ин, аввал вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ва баъдан, раиси ҷумҳурони ду давлат дар суҳбатҳои телефонии алоҳида вазъи ба сари муҳоҷирони тоҷик омадаро баррасӣ краданд. Ҳоло маълум нест, ки ин вазъ то кай идома хоҳад кард. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи омори шаҳрвнадони дармонда дар марзи ин кишвар хабар намедиҳанд.

Зимнан, шикоятҳо аз сарҳади Қазоқистону Русия ҳам мерасид, ки қариб 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба мушкил мувоҷеҳ шуданд.

Баъди солҳои 2000-ум Қазоқистон ба яке аз кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ табдил ёфт ва ҳоло баъди Русия яке аз дуввумин кишварҳоест, ки муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистонро мепазирад. Ҳарчанд дар оғоз муҳоҷирон камтар ба Қазоқистон мерафтанд, вале аз соли 2014 ба ин сӯ, замоне ки Русия бо буҳрони иқтисодӣ ва беқурбшавии рубл рӯ ба рӯ гардид, ин омор афзоиш ёфт.

Ҳоло шумори дақиқи муҳоҷирони корӣ дар Қазоқистон маълум нест, чун қисме аз муҳоҷирон бо автобус тариқи масири Ӯзбекистон ба ин кишвар мераванд ва бо мақсади гурез аз пардохти маблағи ҳуҷҷат дар корхонаву хоҷагиҳои хусусӣ ғайрирасмӣ кор мекунанд. Ҳоло тибқи иттилои расмӣ дар ин кишвар беш аз 10 ҳазор нафар кор мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.