Ҳамватанони азиз!

Рӯзи истиқрори суҳ ва ваҳдати миллӣ - ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак бод!

Ваҳдати миллӣ муҳимтарин омили муттаҳидкунандаи миллат ва рушди давлатдории миллӣ дониста мешавад. Хушбахтона, тоҷикистониён бо дарки ин нукта, барои бунёди давлати миллӣ ва ҷомеаи босубот талош доранд ва иттиҳоди худро тақвият мебахшанд.

Бо умеди осоиштагии ҳамешагӣ ва шукуфоии Ватани азиз, Шуморо бо ҷашни Ваҳдати миллӣ – рамзи умедҳои дурахшон, бунёди давлати миллӣ ва расидан ба ормонҳои нек табрик мегӯем.

Ба Шумо саломатии бардавом, осоиши қалбҳо ва Ватани азизамон – Тоҷикистон осмони софу беғубор таманно дорем.

Бо эҳтиром,

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс