Хоҷагиҳои моҳипарвари Тоҷикистон дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ 1 ҳазору 411,5 тонна моҳӣ истеҳсол кардаанд. Барои қиёс, мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар 6 моҳи аввали соли 2023 дар кишвар 1 ҳазору 640 тонна моҳӣ истеҳсол шуда буд.
Яъне, аз оғози сол ҳар моҳ дар кишвар 353 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст. Дар 6 моҳи аввали соли 2023 ин нишондод ба 273 тонна моҳӣ дар ҳар моҳ баробар буд.
Мувофиқи меъёрҳои тавсияшудаи истеъмоли ғизо аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон, як нафар дар давоми сол бояд 9 кило моҳӣ ва маҳсулоти моҳӣ истеъмол кунад. Бо назардошти шумораи аҳолӣ, ки зиёда аз 10 млн нафарро ташкил медиҳад, дар кишвар бояд ҳамасола 90 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол шавад.
Ба иттилои вазорат, ба ҳолати 1 майи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 385 хоҷагии моҳипарвар дар майдони 75 ҳазору 968 гектар - тақрибан 73 ҳазору 342 гектар дар обанборҳо ва 2 ҳазору 627 гектар дар ҳавзҳо, фаъолият доранд, ки ин нисбат ба соли гузашта 4 хоҷагӣ бештар аст.
Афзун гардидани миқдори хоҷагиҳои моҳипарвар, масоҳати ҳавзҳо, бунёди коргоҳҳои инкубатсионӣ ва истеҳсоли кирминамоҳиҳо, хӯроки омехтаи моҳӣ, зиёд намудани навъи моҳиҳои дар ҷумҳурӣ парваришёбанда, ба зиёд шудани ҳаҷми истеҳсол аз омилҳои асосии рушди соҳа номида мешаванд.
“Инчунин, барои рушди моҳипарварӣ ва зиёд намудани таъминоти бозори дохилии кишвар зиёд гардидани моҳиҳои зотию такмилӣ барои такрористеҳсолкунӣ, таъмиру азнавсозии иншооти обтаъминкунӣ ва техникаву технологияи моҳипарварӣ ва воридоти технологияҳои муосир мусоидат карда метавонад”, - мегӯянд дар вазорат.
Ҳамаи ин талабот ба “Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” дохил карда шуда, тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, зина ба зина амалӣ шуда истодаанд.
Барои мисол, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ ба кишвар 168 тонна моҳӣ ворид карда шудааст, ки ин бори дигар аз кофӣ набудани истеҳсоли моҳӣ дарак медиҳад.
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста