Далерҷон Мирзоев, яке аз гумонбарони эҳтимолии ҳамла ба “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав дар боздоштгоҳи муваққатии Лефортово сари мавзӯи динӣ бо як посбон муноқиша кардааст.
Кай рух додани муноқиша маълум нест, вале хабаргузории русии “Московский комсомолец” менависад, ки Далерҷон Мирзоев бо посбони мусулмоне баҳс ва дар ниҳоят кашмакаш кардааст.
“Миёни як корманди боздоштгоҳ, ки мусалмон аст ва Мирзоев муколама сурат гирифтааст. Муттаҳам дар ҷараёни муколама дар умум динро сахт танқид кардааст. Ҳарду онҳо ҷангу ҷанҷол кардаанд ва кор то кашмакаш расидааст”, - навишт ин расона.
Гуфта мешавад, ки пас аз ин ҳодиса тасмим гирифта шудааст, ки ҳар гуна робита ва муколаи посбонҳо ва боздоштшудагон то ҳадди имкон маҳдуд карда шавад.
Ин иттилоъро МК расман таъйид карда натавонистааст. Мақомоти марбутаи Русия ҳам перомуни ин ҳодиса расман ҳарфе намезананд.
Дар ҳамин ҳол, ҳодисаи мазкур гумони ифротгарои исломӣ будани Далерҷон Мирзоевро зери суол мебарад.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳама гумонбарони ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Ҳол” ҳоло дар дар боздоштгоҳи муваққатии Лефортово нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо дар ҳуҷраҳои гуногун ҳастанд ва ҳама гуна муоширати байни онҳо қатъиян манъ аст.
Далерҷон Мирзоеви 32-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, яке аз чаҳор гумонбари асосӣ дар ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” аст. Дар наворе, ки ҳангоми боздошти ӯ сабт шудаву дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, мушоҳида мешавад, ки ӯро кормандони мақомоти Русия аз болои дарахте дар вилояти Брянск поин фароварда, ба дастонаш завлона мезананд.
Як рӯз пас Мирзоевро дар ҳоле ба додгоҳ оварданд, ки дар сару рӯяш осори латукӯб мушоҳида мешуд.
Падару модар, хешовандон ва омӯзгорони Далерҷон Мирзоев бар гумони даст доштани ӯ дар ҳамлаи террористӣ бовар надоранд. Перомуни ин ҳодиса ва дидгоҳи пайвандони гумонбар дар матлаби зерини “Азия-Плюс” маълумот гиред.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста