Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон яке аз сабабҳои ихроҷи дастаҷамъии муҳоҷирони тоҷикро аз Русия бо он рабт дод, ки гумонбарони аслии ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Дар ин бора ӯ рӯзи 22-юми июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод
Ба ақидаи ӯ, “ихроҷи муҳоҷирон ҳамчунин ба тағйирот дар қонунгузории Русия низ рабт дорад”.
“Талаботи нави қонунгузории ин кишвар низ боиси ихроҷи на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки шаҳрвандони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мегардад”, - гуфт ӯ.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон зикр кард, ки дар шаш моҳи ахир муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор нагирифтаанд ва дар соли 2023 4-5 чунин ҳолат ба қайд гирифта шудааст.
“Аммо корҳо барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон идома доранд. Мо бо муҳоҷирон дар мавриди ихроҷ ва дигар мушкилот гуфтугӯҳо анҷом медиҳем ва ҳамчунин дар чорабиниҳои мухталифе, ки дар Русия ва Тоҷикистон баргузор мешаванд, ин масъалаҳоро баррасӣ мекунем”, - гуфт Омбудсмен.
Дар ҳамин ҳол, Умед Бобозода дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” оид ба муроҷиат ба мақомоти Русия дар робита ба муносибати бераҳмона бо гумонбарони ҳамлаи террористӣ дар Маскав гуфт, “дар ин бора муроҷиати хаттӣ накардаем”.
“Баъд аз нашри хабар дар бораи шиканҷа, ман шахсан бо Омбудсмени Русия оид ба ин масъала тамос гирифтам ва баъдан ӯ дар ВАО изҳор дошт, ки гумонбаршудагон набояд шиканҷа шаванд”, - зикр кард Бобозода.
Ҳамзамон, ӯ гуфт, ки “дар бораи шиканҷа ва бадрафторӣ нисбати чаҳор гумонбари асосӣ дар ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” аз худи гумонбарон ва наздикони онҳо шикояти расмӣ ворид нашудааст.
Бояд гуфт, ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Холл” рӯзи 22 март рух дод, ки бар асари он 146 нафар кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ин ҳамларо ДОИШ-и Хуросон бар ӯҳда гирифт.
Дарҳол пас аз ҳамлаи террористӣ дар расонаҳо дар бораи таъқиби муҳоҷирон аз Тоҷикистон маълумот пайдо шуд. Дар шаҳрҳои гуногун дар ҷойи истиқомат ва кори муҳоҷирон рейдҳо баргузор гардид. Дар баъзе мавридҳо муҳоҷирон дар комиссариати ҳарбӣ ба қайд гирифта шуданд.
Чанд моҳи охир бошад, шаҳрвандони Тоҷикистонро дар фурудгоҳҳои Маскав ба қаламрави Русия роҳ намедиҳанд: онҳоро чанд рӯз дар фурудгоҳҳо нигоҳ дошта, сипас бидуни тавзеҳот ба ватанашон мефиристанд.
Футболбози африқоӣ забони тоҷикиро омӯхт ва муваффақ шуд. Ӯ кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
"Аз ҳама бештар аз кори додрасҳо шикоят мегирем". Интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз кори додрасҳои тоҷик
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста