Дар Тоҷикистон бо номи “Заволи пиряхҳо” филми мустанад ба навор гирифта шуд. Дар он оид ба обшавии пиряхҳои Тоҷикистон, ки яке аз манбаъҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, сухан меравад.
Филми мустанадро Одина Маҳмад, коргардони ҷавони тоҷик сабт кардааст. Ӯ мегӯяд, филм яке аз мавзӯҳои муҳим дар Тоҷикистон ва ҷаҳон- обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии иқлимро фаро гирифта, дар асоси таҳқиқоти олимони соҳа, ки дар тӯли 20 соли охир гузаронида шудаанд, омода гардидааст.
“Дар филм графикаҳои 3D ва инфографика истифода шудаанд, ки ин ба тамошобинон имкон медиҳад, то пайомадҳои экологӣ, аз ҷумла тағирёбии иқлимро равшантар дарк кунанд. Ҳоло филмҳои мустанад воситаи муассири баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи масъалаҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошанд, ки имрӯз инсоният рӯ ба рӯ шудааст”,-гуфт Одина Маҳмад.
Ба иттилои ӯ, филм дар 7 моҳ омода шуда, муаллифи он Некрӯзи Ҷалилиён ва наворбардор Абдукарим Уроқов мебошад.
Бодя гуфт, ки пиряхҳои Тоҷикистон 60% захираҳои обии Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд ва тағйироти номатлуби иқлим ба ҳаёти миллионҳо нафар дар минтақа таъсир мерасонад. Чунин филмҳо метавонанд дар ин маврид баҳсҳоро дар ҷомеа ба вуҷуд оранд ва ба қабули қарорҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ки ба ҳифзи муҳити зист ва ояндаи инсоният равона шудаанд, таъсир расонанд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 январи соли 2025
Аз Душанбе ба Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб ва Бохтар кадом воситаҳои ҳамлу нақл фаъол ҳастанд?
Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба фурӯш баровард
“Хонаҳои бесоҳиб"-и шаҳри Истиқлол. Боздошти як нафар барои фурӯши он
Сафкашии сайёраҳо. Сокинони Тоҷикистон рӯзҳои 21-28 январ кадом сайёраҳоро метавонанд бубинанд
Дар беш аз нисфи минтақаҳои Русия фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд шудааст
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Санаи ташрифи Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дақиқ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳасрати хари машкоб бар аҳволи аспони султон”
Тоҷикистон дар Индекси гузариши энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста