Танҳо дар як соли 2023-юм 15 зерсохтори шаҳри Душанбе барои харидории кучати гул қариб 34 млн сомонӣ сарф кардаанд. Ин каму беш маблағи сохтмони ду мактаб дар шаҳр Душанбе аст.

Воқеан, дар фасли баҳор Душанбе ба шаҳри гулҳо табдил меёбад. Махсусан роҳҳои марказиву асосӣ, боғҳо ва маконҳои алоҳида “гул мекунанд”. Вале намедонем, ки тухм ё кучати ин ҳама гулҳо аз куҷо ва бо чӣ қадар маблағ дастрас мешаванд.

Мо тендерҳои давлатӣ оид ба харидории тухмӣ ва кучатҳои гулро дар соли 2023 аз сомонаи Оҷонсии хариди давлатӣ ҷамъоварӣ карда, таҳлил кардем. Таҳлили тендерҳо собит кард, ки ҳамасола зерсохторҳои шаҳри Душанбе барои парвариши гулҳо садҳо миллион сомонӣ маблағ сарф мекунанд. Оё ба ин маблағҳо пурра гул харидориву шинонида ва парвариш мешавад ё не, мавзӯи дигар аст. Чунки то ҳол механизми маълум кардани он дастрас нест. Аз ин рӯ, дар ин мавод мо танҳо атрофи ҳаҷми маблағҳое, ки ин ниҳодҳо тариқи тендерҳои давлатӣ сарф мекунанд, сухан мекунем.

Таҳлил маълум кард, ки бештар корхонаҳое, ки ба парвариш ва харидории гул дар Душанбе машғуланд, раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо ва боғҳо (паркҳо)-и шаҳр мебошанд.

 

Кадом ниҳод бештар гул харидааст?

Фаъолтарин иштирокдор дар хариди тухмӣ ва кучати гул Раёстаи истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аст. Ин ниҳод дар соли гузашта 15,7 млн сомонӣ барои харидории гул шартнома ба имзо расондааст. Ин муассиса асосан, кучати лола, тухмии гулҳои мавсимӣ ва торф харидааст. Хароҷотҳои ин ниҳод аз хароҷоти дигар муассисаҳо, ки фаъолияти яксонро мекунанд ба маротиб зиёд аст.

Масалан, онҳо назар ба идораи Раёсати истифодабарии роҳҳо дар ноҳияи Фирдавсӣ барои харидории гулҳо 8 маротиба бештар маблағ сарф кардааст. Ин ниҳоди ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар соли гузашта ба мабалғи 1,8 млн сомонӣ галу харидаасту тамом.


 

Кадом ниҳод камтар гул харидааст?

Дар байни 15 зерсохтори шаҳрӣ, ки мо тендери онҳоро таҳлил кардем, соли гузашта аз ҳама камтар боғи фарҳангӣ ва фароғатии "Кули ҷавонон" барои харидории гулҳо маблағ сарф кардааст. Ин боғ дар ҳаҷми 94,5 ҳазор сомонӣ гул харидааст. Сабаби камтар сарф шудани маблағ маълум нест. Ҳарчанд ин боғи калон аст ва албатта барои гулкории онҳо бояд маблағи бештар сарф кунад. Сабаб метавонад он бошад,, ки ин боғ аз манбаъҳои дигар барои ободонӣ маблағ ё гул дастрас мекунад ва ё воқеан ҳам дар ин боғ минтақҳаои гулкорӣ камтар аст.


 

Аз кадом корхона бештар гул мехаранд?

Ширкати “ФАРИСА" - бозигари асосии миёни ширкатҳои таъминкунандаи гулҳо ва маҳсулотҳои марбут ба он мебошад. Ин ширкат дар даврае, ки мо таҳлил кардем, тендерҳоро бо маблағи қариб 5 млн сомонӣ бурд ва ҳамчун пешқадам дар таъмин кардани гулҳо барои муассисаҳои шаҳрӣ мебошад. Мизоҷони он — идораҳои калони пойтахт мебошанд.

Дар ҷои дуюм, байни барандагони тендерҳо ширкати “Энергострой” қарор дорад, ки барои харидории гулҳо 3,8 млн сомонӣ тендер гирифтааст. Бо вуҷуди номаш, ин ширкат ба тендерҳо барои ободонӣ равона шуда, сохторҳои пойтахтро бо гул таъмин мекунад.

Инчунин, дар рӯйхати таъминкунандагон ширкати “АЛИЧОН М” ҳаст, ки соли гузашта шартномаҳо бо маблағи 1,8 млн сомонӣ бурд кардааст. Дар шартномаи он таъмин кардани гулҳои мавсимӣ зикр шудааст, ки шояд бо минтақаҳои сабзкории муваққатӣ алоқаманд бошад.

Миқдорҳои калон дар тендерҳо метавонанд на танҳо гулҳоро, балки хидматҳои иловагии шинондан, нигоҳубини онҳо, ҳамчунин расонидани моддаҳоро низ шомил кунанд. Бо ин ҳол, то ҳол механизми аниқ барои санҷидани самаранокии истифодаи маблағҳо вуҷуд надорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.