Бонки осиёии рушд (БОР) 15 млн доллар маблағгузории иловагии грантиро барои лоиҳаи дубора пайвастани низоми энергетикии Тоҷикистон бо низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тавассути хатҳои шабакавии кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон тасдиқ намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Бонк хабар медиҳад.
Маблағҳои иловагӣ имкон медиҳанд, ки байни зеристгоҳи «Суғд» дар шимоли Тоҷикистон ва зеристгоҳи «Сирдарёи Нав» дар Ӯзбекистон хати нави интиқоли барқ бо шиддати 500 киловолт сохта шавад. Ин имконият медиҳад, ки иқтидори содирот ва воридоти нерӯи барқ байни кишварҳои низоми энергетикии Осиёи Марказӣ, ки Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад, афзоиш ёбад ва зерсохторҳои зарурӣ барои пешгирии садамаҳои шабакавӣ тақвият дода шаванд.
Дар доираи лоиҳа инчунин омодагии низоми энергетикии Тоҷикистон барои хидматрасониҳо оид ба танзими ҷараён ва басомади нерӯ барои муттаҳидсозии устувори энергияи барқароршаванда дар минтақа таъмин мешавад. Дар дурнамои дарозмуддат ин лоиҳа ба унсури асосии нақшаи интиқоли нерӯи барқ аз НБО-и “Роғун” дар Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт.
“Тавассути Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) БОР ба таври фаъол тиҷорати минтақавии энергия байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз онро ба роҳ мемонад. Дастгирии мо устувории низоми энергетикии минтақавиро баланд бардошта, ба коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ дар минтақа мусоидат мекунад», — гуфтааст директори генералии БОР дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков.
Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуда, 68 кишвар аъзои он мебошанд ва 49 давлати узви Бонк дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд. Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуд.
Ниҳоди байнулмилалии мазкур мададрасони бузургтарини Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Давоми 26 соли шарикӣ БОР баҳри дастгирии соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон - аз бахши роҳсозиву зерсохтори энергетикӣ то тандурустиву кишоварзӣ, рушди шаҳрҳову идоракунии давлатӣ ва молия - ба маблағи умумии зиёда аз 2,7 млрд доллар кумак расонид, аз ҷумла беш аз 2,1 млрд доллар ба сифати грант ҷудо шуд.
Қадам ба қафо. Қатъи фаъолияти USAID ба бахши кишоварзии Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2025
Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2025
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста