Тоҷикистон Стратегияи рушди ҳамкории энергетикии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро барои давраи то соли 2030, ки дар ҷаласаи 4-уми вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои СҲШ дар Остона баррасӣ шуд, маъқул донист.
Ба ақидаи коршиносон ин чунин маъно дорад, ки Тоҷикистон ба Низоми ягонаи энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ бармегардад.
Яке аз бандҳои калидии Стратегия дурнамои рушди иқтидори транзитии захираҳои энергетикӣ ва имконияти диверсификатсияи хатсайрҳои содиротӣ, ташаккули системаи нави энергетикӣ бо ташкили тавозуни афзалиятҳои рушди соҳа мебошад.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон муддати тӯлонӣ барои ҳамроҳ шудан ба ин Системаи ягонаи энергетикӣ омодагӣ мегирифт.
Зимни ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа хабар дод, ки корҳои сохтмону ба истифода додани иншооти зарурӣ барои пайвастан ба низом аллакай ба анҷом расидааст.
“Ин ба эътимоднокии низоми энергетикии минтақа тақвият мебахшад”, - изҳор дошт вазири энергетикаи Тоҷикистон.
Барои пайваст шудан ба Низом охири соли 2018 Бонки осиёии рушд ба маблағи 35 млн доллар грант ҷудо кард. Корҳои мазкур мутобиқи қарордод байни тарафҳо бояд соли 2022 ба охир мерасиданд.
Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ чист?
Системаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ (соли 1960), вақте ки ҳамаи кишварҳои минтақа қисми як давлат буданд, таъсис дода шудааст. Система аз ҷониби маркази Ҳамоҳангсозӣ-диспетчерӣ дар Тошканд идора карда мешуд ва имкон медод, ки тағйирёбии мавсимии талабот ба неруи барқ ва талабот ба об дар давраи обёрӣ ба мувозинат оварда шавад.
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фасли сарди сол дар обанборҳо об ҷамъ карда, аз Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон нерӯи барқ ва захираҳои энергетикӣ (ангишт ва гази табиӣ) мегирифтанд.
Дар мавсими тобистон Тоҷикистону Қирғизистон оби дар зимистон ҷамъшударо ба кишварҳои зикршуда барои обёрии заминҳои кишоварзӣ мефиристоданд. Ҳамчунин дар тобистон Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳамсояҳо неруи барқи барзиёд истеҳсолшударо интиқол медоданд.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ин низоми энергетикӣ якчанд сол боқӣ монда, сипас кишварҳо яке паси дигар онро тарк карданд.
Минбаъд маълум шуд, ки хориҷ шудан аз ҳалқаи ягонаи энергетикӣ барои ҳар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мувофиқи мақсад нест. Ин бо афзоиши доимии истифодаи барқ дар минтақа ва кӯҳнашавии инфрасохтори энергетикӣ вобаста буда, ба давлатҳои ҷудогона имкон намедиҳад, ки бе дастгирии ҳамсояҳо худро бехатар эҳсос кунанд.
Аз ин рӯ, дар соли 2014 кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба кори барқарорсозии ҳалқаи энергетикӣ шурӯъ карданд.
Тобистони соли 2019 ҳатто оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи ислоҳоти энергетикӣ ва таъсиси бозори ягонаи нерӯи барқ эъломияи муштарак имзо шуд. Охири соли 2021 Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ба системаи ягонаи энергетикӣ баргардад. Ҳиссаи асосии иқтидори гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон рост меояд.
Ловушка для Тамкин. Или почему женщины в Таджикистане должны за себя постоянно бороться?
Как оформить банковскую карту в Таджикистане, а забрать - в России
«Не победила, но гордо представила свой народ». Сабрина Зухурова о своём участии в конкурсе Miss CosmoWorld
Власти Узбекистана планируют трудоустроить в развитых странах свыше 200 тысяч узбекистанцев
Ряд населенных пунктов ГБАО получили статус села, а некоторые переименованы
Чартерные полеты внутри Таджикистана: подробности от «Таджик Эйр»
"Кубок Евразии": триумф самбистов Таджикистана
«Мы живем в самой большой стране мира, но нас мало». Песков объяснил, почему России нужны мигранты
В Душанбе открылась сеть автомоек самообслуживания: быстро, удобно, экологично
Международные аэропорты в Таджикистане обязали платить авиавластям 10 центов за каждого пассажира
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста