Дар асоси радабандии омори миллӣ, нархи хидматрасонии таксиҳо дар Тоҷикистон дастрас буда, аз ҷиҳати арзонӣ дар ҷои 5-ум қарор дорад. Нархи миёнаи хидматрасонии таксӣ дар ҷаҳон 1,7 доллар (барои як километр) гуфта мешавад.

Тибқи гузориши мазкур дар Тоҷикистон нархи таксӣ  0,28 доллар барои як километр роҳ муайян шудааст. Ҷои аввалро аз ҷиҳати арзонии нархи таксӣ давлати хурди ҷазиравии  Палау ишғол мекунад, ки арзиши як километр роҳ ҳамагӣ 0,01 долларро ташкил медиҳад. Инчунин кишварҳои пешсаф аз лиҳози арзонии нархи таксиҳо Мавритания (0,25 доллар), Уганда (0,27 доллар), Филиппин (ҳам 0,27 доллар) ва Тоҷикистон (0,28 доллар) мебошанд.

Федератсияи Русия бо нишондоди 0,47 доллар дар ҷои 15-ум қарор гирифтааст.

Гаронтарин хидматрасонии таксӣ ба Гренада рост омадааст, ки нархи таксӣ барои як километр роҳ 22,2 доллар гуфта мешавад. Ҳамчунин дар рӯйхати қимматтарин хидматрасонии таксӣ Шоҳигарии Тонга дар ҷойи дуюм (8,53 доллар) ва Кирибати ҷои сеюм (8,23 доллар) қарор доранд.

Дар Тоҷикистон арзиши хизматрасонии таксиҳо барои 3 километр роҳ 10 сомонӣ муайян шудааст. Чанд сол қабл болоравии роҳкирои таксиҳои фармоишӣ дар Душанбе мушоҳида мешуд, ки арзиши 1 километр то 3 сомонӣ боло рафта, ба 10 сомонӣ ба ҷои 3 километр роҳ 2 километрро тай мекарданд. Он вақт мақомоти шаҳрдорӣ аз роҳбарияти ширкатҳо талаб карданд, ки нархи роҳкироро худсарона баланд накунанд.

Ҳамасола сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе аз интизории зиёди таксиҳо зимни фармоиш, муносибати бади ронандагон, нарафтан ба нуқтаҳои дуртари шаҳр, надонистани роҳҳо ва норасоии таксиҳо дар пойтахт шикоят мекунанд. Сокинон мегӯянд, ки дар бештари маврид хидматрасонии пасти таксӣ сабаб мешавад, ки ба ҷойи даркории худ, аз ҷумла, мактабу боғча ва коргоҳ сари вақт намерасанд.

Ҳамчунин вақтҳои охир дар пойтахти кишвар ронандагони таксиҳои фармоишӣ дар ҳолати мастӣ аз ҷониби милитсия боздошт мешаванд. Ахиран кормандони милитсия Ҷаҳонгир Саидов ронандаи таксиро дар ҳолати мастӣ дастгир карда нисбати ӯ бо моддаи 332 КҲМ Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ ифтитоҳ карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед