Дар доираи амалиёти шартии “Тамбашавӣ дар роҳҳои нақлиётгард” дар роҳҳои шаҳри Душанбе аз 1 то 18-уми ноябр беш аз 1000 нақлиёт, ки соҳибонашон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон карданд, боздошт ва ба таваққуфгоҳҳои ҷаримавӣ бурда шуда, ронандаҳои он ҷарима шудаанд. Дар ин бора аз Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ (БДА) ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Манбаъ гуфт, ки аксари ин нақлиёт кирокашҳо буданд, ки дар хатти дуввуму сеюми роҳ истода, ба ҳаракати мошинҳои дигар монеа эҷод мекарданд ва ё бидуни шартнома бо ширкатҳои кирокаш кори худро идома медоданд.
“Як қисми камаш мошинҳое буданд, ки муҳлати иҷозаи сиёҳкунии шишаҳояшон гузашта буд”, - гуфтанд аз БДА.
Ҳамаи ин мошинҳо ба ҷаримагоҳҳои муваққатии БДА дар пойтахт оварда шуда, соҳибони онҳо бо қисми 1-и моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатнома амалӣ намудани фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномаро талаб менамояд) ҷарима шудаанд.
Ин банди қонунгузорӣ барои шахсони воқеӣ аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2024-ум 72 сомонӣ), барои соҳибкорон аз 15 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барои мансабдор аз 30 то 40 ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ кардааст.
Қаблан, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дода буд, ки барои пешгирии қоидавайронкунӣ дар роҳ, бахусус танбашавии мошинҳо дар пойтахт аз 1 то 10-уми ноябр бо номи шартии “Тамбашавӣ дар роҳҳои нақлиётгард” амалиёт гузаронида мешавад.
Мақомот ҳушдор дода буданд, ки дар ҳолати ошкор шудани қойдавайронкуниҳо дар роҳ нисбати ронандагоне, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардаанд, ҷазои маъмурӣ татбиқ мешавад.
Он замон пулиси пойтахт аз ронандаҳо хоста буд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъан риоя карда, мошинҳои худро дар ҷойҳои номуайян нагузоранд ва ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт мушкил эҷод накунанд.
Вале аз БДА имрӯз, 18-уми ноябр, ба “Азия-Плюс гуфтанд, аз сабаби он ки мушкили тамбашавӣ дар Душанбе дар 10 рӯз ҳал нашуд, тасмим гирифтанд, амалиётро идома диҳанд ва маълум нест, ки он то кай давом мекунад.
“Амалиёт нест, чораҳои пешгирикунанда оид ба тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои пойтахт идома меёбад. То кай маълум нест. Шояд то охири моҳ ё то чанд моҳи дигар идома кунад. Мушкил ҳалли худро наёфтааст. То бартараф кардани мушкилӣ чораҳоро идома медиҳем”,-гуфтанд аз БДА.
Бояд гуфт, моҳҳои охир дар Душанбе танбашавии нақлиёт зиёд ба чашм мерасад, ки боиси норозигии меҳмонон ва сокинони пойтахт шудааст.
Мақомот ин ҳолатро ба зиёд шудани мошинҳо дар пойтахт, дар таъмир қарор доштани баъзе роҳҳо ва садамаҳои нақиётӣ марбут медонанд.
Ҷумъахон Давлатов, муовини раёсати Хадамоти назорат ва танзим дар нақлиёти Душанбе гуфта буд, ки сабаби дигари танбашавӣ дар роҳҳо аз навоҳии тобеи марказ бо мошинҳои шахсӣ ворид шудани афроде, ки дар пойтахт кор мекунад, мебошад.
Ӯ бунёди метро ва роҳҳои дутабақа ё эстакадаро аз роҳҳои ҳалли мушкилот ва осон шудани ҳаракат дар Душанбе дониста буд.
Мақомот қаблан гуфта буданд, ки аз 1 сентябр шумори нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт 20% зиёд карда мешавад. То он вақт дар роҳҳои шаҳр 305 автобус равуо дошта, бояд пас аз 1 сентябр шумори онҳо ба 375 адад расонида мешуд.
Гуфта мешуд, ки мутаносибан шумори троллейбусҳо аз 55 адад то 75 адад зиёд карда мешавад. Шумори микроавтобусҳо (маршруткаҳо), ки то вақт 950 адад гуфта мешуд, ба қавли мақомот аз 1 сентябр боз 100 микроавтобуси дигар ба он илова гардид.
Шумори таксиҳо низ бояд аз 3200 адад то 3350 адад зиёд карда мешуд. Яъне дар Душанбее, ки каме бештар аз 1 миллион аҳолӣ дорад, беш аз 4500 ҳазор воситаҳои нақлиёт кор мекунанд. Ба ҷуз ин шумори мошинҳои хусусӣ маълум нест ва боз ҳамарӯза садҳо мошин аз дигар ноҳияҳо ба Душанбе меояд, ки ин шумори нақлиёти равуодошта дар пойтахтро меафзояд.
Интиқоли барқи “Роғун” ба Қазоқистон. Бо кадом шарту шароит амалӣ хоҳад шуд?
“Мо чизе намедонем”. Мурофиаи дуюми чеҳраҳои шинохта боз дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста баргузор шуд
Муштзани тоҷик дар Чин пирӯзӣ ба даст оварда, мукофотпулии хуб гирифт
Ҳушдор аз гардиши пулҳои қалбакӣ. Бонки миллии Тоҷикистон пайомади пардохт бо “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ”-ро шарҳ дод
“Танк”-и тоҷик ба рақобатҳояш дар UFC идома медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан мактабу корхонаи нав ифтитоҳ кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сулаймон ва Билқис”
Боздошти як зан дар Хатлон барои химчакӯб кардани набераҳояш
“Сӯхта, нобуд кардем”. Дар Хатлон беш аз 3 тонна доруву маҳсулоти тиббӣ нобуд карда шуд
“Барои хӯрок ва роҳкиро”. Донишҷӯёни тоҷик бештар барои чӣ пул сарф мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста