Дирӯз, 17-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва такон бахшидан ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба вилояти Суғд сафар кард.
Боздиди кории Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Истаравшан бо ифтитоҳи бинои таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб – интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор оғоз ёфт.
Ин бино аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон бунёд ёфта, аз 16 синфхона иборат аст ва барои таҳсили 520 хонанда пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, дар ин мактаб китобхонаҳои электронӣ ва анъанавӣ, кабинетҳои фаннӣ ва синфхонаҳои компютерии пайваст бо шабакаи интернет мавҷуд буда, 20 нафар омӯзгор ва мураббияҳои соҳибтахассус фаъолият мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити будубош ва таълиму тарбия дар Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан ба гурӯҳи соҳибкорон изҳори сипос намуда, иқдоми онҳоро намунаи олии инсондӯстӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоии роҳбари давлат маънидод кардааст.
Инчунин, дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон 4 иншооти соҳаи маорифро, ки дар шаҳру ноҳияҳои Истравшан, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд сохта шудааст, тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намудааст.
Аз ҷумла, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67 дар деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан дорои 11 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. 30 нафар омӯзгори соҳибтахассус метавонанд раванди таҳсили хонандагонро дар шароити сатҳи баланд ба роҳ монанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар деҳаи Порвени деҳоти Воруи шаҳри Панҷакент дорои 12 синфхона буда, дар он имкони ба таҳсил фаро гирифтани 320 хонанда дар ду баст вуҷуд дорад.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №94, ки дар деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент бошад, дорои 6 синфхона мебошад.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 дар шаҳраки Меҳрони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дорои 20 синфхонаи муҷаҳҳаз бо аёниятҳои хониш мебошад.
Дар умум, дар муассисаҳои таълимии навбунёд 100 ҷойи кории нав ва барои ба таҳсил фаро гирифтани 2000 хонанда дар ду баст, имкон фароҳам оварда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакону наврасони ятим мулоқот намуда, ба 120 нафар наврасону ҷавонони ниёзманд маҷмуи сару либос, ширинӣ ва маблағҳои пулӣ тақдим намуд.
Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон дар шащри Истаравшан ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ ва таъмиру навсозии трансформаторҳои ҶДММ “Истаравшан Энерго” ва Корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ "АДЛ" оғоз бахшид ва масъулинро вазифадор намуд, ки барои афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, рушди саноат ва тавлиди маҳсулоти ивазкунандаи воридот тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоянд.
Сафари кории Эмомалӣ ба вилояти Суғд идома дорад ва аз ҷараёни он, баъдтар маълумоти бештар нашр мешавад.
Муштзани тоҷик дар Чин пирӯзӣ ба даст оварда, мукофотпулии хуб гирифт
Ҳушдор аз гардиши пулҳои қалбакӣ. Бонки миллии Тоҷикистон пайомади пардохт бо “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ”-ро шарҳ дод
“Танк”-и тоҷик ба рақобатҳояш дар UFC идома медиҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сулаймон ва Билқис”
Боздошти як зан дар Хатлон барои химчакӯб кардани набераҳояш
“Сӯхта, нобуд кардем”. Дар Хатлон беш аз 3 тонна доруву маҳсулоти тиббӣ нобуд карда шуд
“Барои хӯрок ва роҳкиро”. Донишҷӯёни тоҷик бештар барои чӣ пул сарф мекунанд?
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста