Мақомот занеро, ки навори аз сӯи ӯ химчакорӣ шудани панҷ кӯдак дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд, боздошт кардаанд. Ин зан модарбузурги кӯдакони хурдсол будааст.
Навори латукӯби панҷ кӯдаки хӯрдсол аз ҷониби як зан, ки рӯзи 16-уми ноябр ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, вокуниши зиёди корбаронро дар пай дошт. Дар навор дида мешуд, ки ин зан кӯдаконро, ки зоҳиран аз 3 то 7 сол доранд, дохили хона бурда, бо химча онҳоро мезанад. Кӯдакони хурдсол рӯи фарш хобидаанд ва гиряву зорӣ мекунанд, ки онҳоро назанад. Дар шарҳи ин навор корбарони зиёде аз мақомот талаб карданд, ки ин занро ёфта ва ба ҷавобгарӣ кашанд.
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дирӯз, 17-уми ноябр бо нашри хабаре гуфт, ин занро боздошт кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, ӯ сокини 54-солаи деҳаи Фрунзеи ҷамоати Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аст ва кӯдакони хурдсол набераҳои ӯ будаанд.
Пулиси Хатлон гуфтааст, ки сабаби ба чунин кор даст задани боздоштшуда таҳқиқ мешавад ва ҳоло маълум нест, ки барои чӣ ӯ нисбат ба набераҳояш шиканҷаро раво дидааст. Назари худи ин зан ҳам маълум нест.
Бояд гуфт, масъалаи латукӯб ё хушанат нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон доғ аст. Гоҳе наворҳои латукӯбу азияти ноболиғон ба шабакаҳи иҷтимоӣ роҳ меёбад ва сарусадои зиёде барпо мекунад. Имсол низ бори чандум аст, ки мақомот аз боздошти бузургсолон барои латукӯби кӯдакон хабар медиҳанд. Вале дар баъзе ҳолат чӣ ҷазо гирифтани боздоштшудаҳо номаълум мемонад.
Қонунгузории Тоҷикистон барои латукӯби ноболиғон вобаста аз сахтии ҷиноят аз ҷарима то 2 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ёдрас мешавем, ки моҳе пеш мақомот занеро, ки фарзандашро латукӯб ва бинияшро хуншор карда буд, боздошт карда буданд. Навори бадрафтории ин модар ва чашмони гиряолуди фарзандаш дар ҳоле, ки аз бинияш хун мерафт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида, боиси вокуниши зиёди корбарон шуда буд.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо нашри як баёнияе аз дастгир шудани ин модар хабар дода, гуфта буд, ки ӯ сокини 35-солаи ноҳияи Хуросон ва истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт аст, ки писари 10-солаи худро дар назди мардум дар ноҳияи Хуросон латукӯб кардааст.
Пулиси Хатлон гуфта буд, “вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад”. Аммо дигар маълум нашуд, ки нисбати ин зан чӣ ҷазо татбиқ гардидааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста