ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 2 ЯНВАР

Соли 1925 – Дар ҳайати ҶШС Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) таъсис дода шуд. Ин вилоят дар шарқи Тоҷикистон, дар кӯҳсори Помир ҷойгир буда, маркази он шаҳри Хоруғ мебошад. ВМКБ 44,5% масоҳати Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва бо Қирғизистон, Чин ва Афғонистон ҳаммарз аст. Аҳолии вилоят асосан ба забонҳои тоҷикӣ ва помирӣ (шуғнонӣ, рӯшонӣ, бартангӣ, рошорвӣ, язғуломӣ, вахӣ, ишкошимӣ) ҳарф мезананд.

Соли 1959 – ИҶШС аввалин киштии кайҳон – "Луна-1"-ро гирди орбитаи Моҳ фиристод.

Соли 1992 – Дар Коллеҷи олии ҳарбии Тоҷикистон, ки баъдтар Институти ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ ном гирифт, аввалин машғулиятҳо оғоз гардиданд. Ин институт ҳоло бо номи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруф аст.

Соли 2010 – Дар ноҳияи Ванҷ заминларзаи шадид бо шиддати 5,1 балл рух дод, ки боиси хисороти ҷиддӣ гардид. Тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ, хисороти ворида аз ин заминларза зиёда аз 1,5 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Биноҳои маъмурии идораҳои давлатӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншоот зарар диданд.

Соли 2019 – Президенти кишвар дар бораи эълон намудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” фармон ба имзо расонд.


Соли 2020 – Эмомалӣ Раҳмон қонун “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”-ро имзо кард. Ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон вазифадор шуданд, ки аз хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқие, ки ҳамчун ташкилоти экстремистӣ дар ҷумҳурӣ эътироф шудаанд, даст кашанд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1920 – Зодрӯзи Маҳмадулло Холов, Арбоби давлатии Шӯравӣ ва Тоҷикистон, Раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1963-1984

Соли 1930 – Мавлуди Муътабар Иброҳимова, ҳунарпешаи театр ва синамо.

Муътабар Иброҳимова
акс аз кино*театр.ру

Муътабар Иброҳимова дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи Ленинобод фаъолияти кориашро шурӯъ карда, 4 даҳсола онҷо ҳунарнамоӣ кард. Ӯ дар саҳнаи театр дар намоишномаҳои “Равшан ва Зулхумор”, “Фарҳод ва Ширин”, “Пӯлод ва Гулрӯ”, “Гулсара”, “Исёни арӯсон”, “Отелло”, “Рамаяна” нақш офаридааст.

Инчунин дар филмҳои “Вақте ки осиё бозмонд”, “Ғуломони сарсахт”, “Сандуқ барои арӯс”, “Гирдоб”, “Агар дӯст дорӣ” низ нақш иҷро кардааст.

Соли 1940 – Зодрӯзи Сталина Азаматова, устоди санъати балет, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон.

Сталина Азаматова

Вай барои рушди санъати балети тоҷик саҳми босазо гузоштааст. Ӯ солҳо дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳунарнамоӣ кард.

Ӯ дар саҳнаи балет нақшҳои Ҷулйетта “Ромео ва Ҷулйетта”, Медора, Жизел дар “Корсар”, “Жизел”, Франческа дар “Франческа да Римини” Клеопатра дар “Шабҳои Миср” ва ғайра. Ҳамчун балетмейстер балетҳои “Писарча ва Карлсон”, “Марги судхӯр”, “Вини Пух ва дигарон”-ро иҷро кардааст.

Сталина Азаматова 17 апрели соли 2020 дар 80-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1942 – Зодрӯзи Нуқра Раҳматова, сароянда, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон.

Нуқра Раҳматова зодаи деҳаи Бартанги ноҳияи Рӯшон аст. Ӯ нахуст аъзои дастаи ҳаваскорони санъати мактаби миёна буд. Баъдан дар Ансамбли тарона ва рақси Помири Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳамчун овозхон ба фаъоляит шуруъ кард. Аз соли 1967 овозхони Ансамбли мақомхонон буд.

Нуқра Раҳматова

Ӯ асосан бо иҷрои сурудҳои лирикӣ дар саҳнаи санъат мақом пайдо кард. Нуқра на танҳо дар Тоҷикистон, инчунин дар дигар кишварҳои Иттиҳоди Шуравӣ низ маъруф аст.

Нуқра Раҳматова дар филми “Коваи оҳангар” нақши духтари кӯҳсорро иҷро кардааст.

Соли 1953 – Мавлуди Абулфайз Атоӣ, рӯзноманигор ва дипломати собиқадор

Ӯ охири моҳи август дар шаҳри Душанбе дар доираи парвандаи чеҳраҳои саршинос ва бо “иттиҳоми хиёнат ба давлат” боздошт гардид. Тибқи иттилои охир, ӯ ба “қаллобӣ” низ гумонзад шудааст.

Абдулфайз Атоӣ
акс аз саҳифаи фейсбукаш

Соли 1950 – Зодрӯзи Халифабобо Ҳамидов, собиқ вазири адлияи Тоҷикистон.

Соли 2010 - Фаттоҳ Одина, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, узви Иттифоқи оҳангсозон ва Иттифоқи синамогарону ходимони театрии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлати Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ дар синни 72-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2016 – Бароат Хоҷибоева, адабиётшиноси тоҷик дар синни 89-солагӣ аз олам даргузашт.

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи фантастикаи илмӣ (Science Fiction Day) ҷашн гирифта мешавад. Осори нависандагони ин жанр, ки дар пардаи синамо рӯйи саҳна меоянд, барои аксарият оғози шиносоӣ бо ҷаҳони фантастикаи илмӣ аст. Ин рӯз баҳонаи хубест, ки асари нав ё қаблан хондашударо ба даст гирифта, худро дар олами он эҳсос кунем.

186 сол пеш Луи Дагер акси аввалини Моҳро гирифт.


Моҳ, ки моҳвораи табиии Замин аст, дар масофаи миёнаи 384 400 км ҷойгир аст ва нури худро бо бозтоби рӯшноии Офтоб инъикос мекунад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 2 ЯНВАРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ эҳтимоли боридани барф ва фаромадани тормеғ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона -2+3º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона -2+3º.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º (дар н. Лахш 7-9º сард), рӯзона 2+7º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 18-23º то 28-33º сард, рӯзона 3-8º сард, дар баъзе минтақаҳо то 12-14º сард.   

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар эҳтимоли боридани борон ҳаст. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 3-5º сард, рӯзона 0+2º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.