ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ – 23 ЯНВАР
Соли 1989 – соати 5:05 субҳ дар шаҳраки Шарора, маҳаллаҳои Оқулии Боло (ҳоло Сарчашма) ва Оқулии Поёни ноҳияи Ҳисор заминларзаи шадид ба амал омад. Қувваи зилзила 7 баллро ташкил дода, боиси лағзиши теппаҳои атроф ва фаромадани тарма шуд, ки шаҳрак ва ду деҳаро зери хок гузошт.
Дар натиҷа, тақрибан 300 нафар ҷони худро аз даст доданд. Танҳо тифли шашрӯза наҷот ёфт, ки дар гаҳвора дар зери девори бетонӣ буд, мехобид. Номи ӯро Шарора гузоштанд. Заминларза ба беш аз 1900 хоҷагии ноҳияи Ҳисор зарари ҷиддӣ расонида, 4,5 ҳазор оиларо бе сарпаноҳ кард. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 15 ҳазор кас бе манзил монданд.
Соли 2011 – Дар шаҳри Душанбе Юсуфҷон Ҳафизов бо гумони “амири созмони мамнуи “Ҳизб-ут-Таҳрир” будан 18 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Соли 2017 – Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки барои танзими вазн ва қади кормандони милитсия чора андешад.
Соли 2020 – Тоҷикистон парвозҳои ҳавоиро бо Чин муваққатан қатъ кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1915 – Зодрӯзи Кароматхон Зокирова, ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони Шӯравӣ.
Соли 1947 – Зодрӯзи Ҷумъа Ниёзов, сиёсатмадор, олим, номзади илмҳои техникӣ.
Соли 1948 – Мавлуди Равшан Замир, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.
Равшан Замир солҳо дар баробари фаъолият дар риштаи журналистика ба эҷоди қиссаву ҳикояҳо низ пардохта, чандин китобу маҷмуаҳояшро интишор кардааст.
Қиссаи “Парӣ дар киштичаи гул” яке аз маъруфтарин қиссаҳои ӯ дар байни наврасону ҷавонон аст. Ҳикояву таронаҳои Равшан Замир дар китобҳои “Ашки осмон”, “Сирре, ки ба хок мебаранд ҳар ду”, “Мағзи ҷон” ба нашр расидаанд.
Равшан Замир 31-уми июли соли 2023 дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1966 – Мавлуди Маъруф Исоматов, олим ва таърихшинос.
Соли 1968 – Зодрӯзи Зулфия Содиқова, ҳунарманди театр ва синамои тоҷик.
Зулфия Содиқова фаъолияти ҳунарии худро дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов шурӯъ кардааст. Баъдтар ҳамзамон дар се театр – театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов, театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ва театри драмавии русии ба номи Маяковский фаъолият намуда, беш аз 70 нақш иҷро кардааст.
Дар синамо низ дар филмҳои маъруфи кишвар нақш офаридааст. Аз ҷумла нақши ӯ дар “Арӯси замонавӣ”, “Арӯси замонавӣ-2”, филми “Қиёми рӯз” ва “Муаллим”-и Носир Саид барои бинандаи тоҷик фаромӯшношуданист.
Соли 2020 – Ибодинов Хурсандқул, ахтаршинос, физикдон, собиқ сарвари Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Дар ин рӯзи соли 1556 дар Чин яке аз харобиовартарин ва маргбортарин заминларза дар ҷаҳон рух дод. Дар он вақт дар музофоти Шанси 830 ҳазор кас халок шуд.
Соли 1895 дар ҳамин рӯз бори аввал инсон ба соҳили Антарктида қадам ниҳод.
Аввалин шахсоне, ки ба Антарктида қадам гузоштанд Кристенсен, капитани киштии норвегии “Антарктик” ва Карлстен Борхгревинк, мусофири ин киштӣ, омӯзгори илмҳои табиӣ буданд. Яке аз мӯъҷизаҳое, ки аъзои ҳайати киштӣ дар қитъаи нав мушоҳида карданд, шӯълаи қутбӣ буд.
Соли 1849 дар ин рӯз дар иёлати Ню-Йорки ИМА бори аввал ба як зан дипломи пизишкӣ дода шуд. Ӯ Элизабет Блэквелл буд, ки муддати дароз мустақилона соҳаи тибро омӯхт ва баъдан соҳиби диплом шуд. Донишгоҳҳои тиббии Амрико дар асри XIX ба духтарон иҷозати таҳсил дар ин риштаро намедоданд.
Имрӯз рӯзи ҷаҳонии дастхат ё дастнависҳо ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз аҳамияти хат ва арзиши беназири дастнависҳоро бори дигар таъкид мекунад. Ташаббускори ин ҷашн Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони лавозимоти нависандагӣ мебошад.
Имрӯз ҳамчунон ба таври ғайрирасмӣ рӯзи пирог ҷашн гиирфта мешавад, ки дар ИМА пайдо шуда, ба ҳунари пухтупази пирогҳои гуногун бахшида шудааст. Амрико солҳост, ки баргузории Рӯзи миллии пирог ва чемпионатҳои марбут ба онро сарпарастӣ мекунад.
23 январ Рӯзи ҷаҳонии овозаҳо низ таҷлил мегардад, ки тобиши шӯхӣ дорад. Ин рӯз барои фароҳам овардани фазои шӯхиомез, гурез аз зиндагии якранг ва ҳаловат бурдан аз гуфтугузорҳои ғайрирасмӣ байни дӯстону пайвандон таъсис шудааст. Муҳим он аст, ки дар ин рӯз ба ҳар он чизе, ки гуфта мешавад, фавран бовар карда нашавад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 23 ЯНВАРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона ва рӯзона 1-6º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона 0-5º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 1+6º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона ва рӯзона -4+1º.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -4+1º.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар ноҳияи Дарвоз барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 13-18º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, рӯзона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, дар шарқи вилоят шабона 23-28º сард, дар баъзе минтақаҳо то 34-36º сард, рӯзона 13-18º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 2+4º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, баъзан ҳолатҳо барф меборад. Ҳарорат: шабона ва рӯзона 2-4º сард.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, шабона барф борида, рӯзона асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 3+5º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 13-15º сард, рӯзона 3-5º сард.
Парвоз ба Панҷакент боз ба таъхир афтод. Тавоноии ҳавопаймое, ки ба ин масир парвоз мекунад, чӣ гуна аст?
Арабистони Саудӣ гувоҳномаи эмгузаронӣ аз менингитро талаб мекунад. Дар куҷои Тоҷикистон метавон эм гирифт?
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста