ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 28 ФЕВРАЛ

Соли 1992 – Нашрияи “Нидои ранҷбар” Ҳизби коммунистии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Соли 1992 – Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон барқарор шуд.

Соли 2011 – Рустами Эмомалӣ сардори яке аз раёсатҳои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. Ҳоло Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе аст.

Соли 2011 – Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифини тоҷик ва ҷонибдоронаш силоҳҳои худро ба давлат супориданд.

Соли 2013 – Маҷлиси миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО”-ро тасдиқ кард.

Соли 2020 – Парлумони Тоҷикистон Созишнома оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди атрофи НБО "Роғун"-ро ба маблағи тақрибан 400 миллион доллар тасдиқ кард.

Соли 2020 – Мақомоти Арабистони Саудӣ муваққатан ворид шудани шаҳрвандон, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро барои анҷоми умра бинобар пандемияи коронавирус манъ карданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1936 – Мавлуди Акбар Ҷӯраев, яке аз поягузорони телевизиони тоҷик ва раиси пешини Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон.

Акбар Ҷӯраев

Акбар Ҷӯраев аз арбобони фарҳанги Тоҷикистон ба шумор мерафт ва аз нахустин нафароне буд, ки тугмаи оғози барномаҳои телевизиони Тоҷикистонро ҳамчун коргардони ҷавон дар соли 1959 пахш кард. Ӯ кӯдакиашро дар ноҳияи Кангурти вилояти Хатлон гузаронд.

Охири солҳои 80-ум ва авоили солҳои 90-ум чанд мудат раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ва муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон буд. Як муддат муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон низ буд.

Акбар Ҷӯраев 30 декабри соли 2015 дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1948 – Зодрӯзи Ҳалима Эркаева, раққоса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистони Шӯравӣ.

Ҳалима Эркаева яке аз ҳунарпешагони хизматнишондадаи тоҷик буда, дар ҳайати дастаҳои ҳунарӣ навъҳои гуногуни рақс, аз ҷумла “Офтоб”, “Сайри гул”, “Гулбозӣ”, “Танаввор”, “Муноҷот”, “Ҷавонӣ”, “Дӯстӣ”-ро иҷро кардааст.

Ӯ баробари рақси тоҷикӣ арғушти рақси дигар халқҳо, аз ҷумла ҳиндӣ, арабӣ, туркӣ, узбекӣ, озарӣ, русиро бо маҳорати баланд иҷро намудааст. Аз соли 1987 роҳбари бадеии ансамбли рақсии “Фирӯза”-и Қасри иттифоқҳои касабаи Душанбе буд ва рақсҳои “Лайло”, “Дилбарҷон”, “Духтари Фархор”, “Ширин”, “Хатлон”, “Гулҳои Мастчоҳ”, сюитаҳои рақсии “Эй дилбари ман”, “Гулҳои Тоҷикистон”, “Ту ҷонони манӣ”-ро рӯи саҳна овардааст.

Соли 1951 – Мавлуди Умар Зиёев, овозхони эстрадаи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Умар Зиёев

Умар Зиёев Институти политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ соли 1974 ба дастаи эстрадии “Гулшан” даъват гардид ва беш аз ду даҳсола дар пешбурди эстрадаи тоҷик саҳм гирифт. Мавсуф аз сарояндаҳои хушноми 50 соли охир буда, солҳо раҳбарии дастаҳои ҳунарии “Гулшан” ва “Сипар”-ро ба дӯш дошт.

Ин овозхон солҳои 1980-ум бо сурудаҳои “Сад раҳ дар интизорат”, “Зулфи парешон” ва “Замини маҳбуб ва зодгоҳ” шӯҳрат ёфта, солҳои 2000-ум ба хондани сурудҳои ватанпарварона пардохт.

Дар охирин мусоҳибааш бо “Азия-Плюс” гуфта буд, бо сари баланд масъулияти ба дӯш доштаро ба поён расонид.

Овозхон 18 марти соли 2024 дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ дар охири умр ният дошт, ки таърихи дастаи ҳунарии "Гулшан"-ро нависад.

Соли 1954 – Мавлуди Асадулло Ғуломов, ходими давлатӣ, собиқ ноиби аввали сарвазири Тоҷикистон.

Асадулло Ғуломов

Асадулло Ғуломов, собиқ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон яке аз шахсиятҳои намоёни кишвар буда, дар  пешрафти кишвар талоши зиёд кардааст. Махсусан дар сохтмони иншооти муҳими кишвар, чун нерўгоҳҳои барқи обӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмону барқароркунии роҳҳо саҳм доштааст.

Солҳои 1995-2001 муовини аввали раиси Ширкати давлатии сохтмонии “Тоҷиксохтмон” ва солҳои 2000-2003 ба сифати раиси ноҳияи Фрунзе (Сино)-и шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Соли 2003-2006 муовини сарвазири Тоҷикистон буд ва аз 1 декабри соли 2006 муовини аввали сарвазири Тоҷикистон таъйин гардид.  

Асадулло Ғуломов 3 августи соли 2011 дар синни 57-солагӣ нобаҳангом аз олам чашм пўшид.

Соли 1954 – Зодрӯзи Мақсуди Ҳусайн, рӯзноманигор ва адиби тоҷик.

Соли 1958 – Мавлуди Олимхон Исматӣ, рӯзноманигор ва шоири тоҷик.

Соли 1959- Зодрӯзи генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назарзода, раиси собиқи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон (КҲФ)

Аз соли 1980 то 1985 ҳамчун ваколатдори оперативӣ, ваколатдори калони оперативӣ ва сардори шуъбаи Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 1985 то 1992 ҳамчун муовин ва баъдан сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода кор кардааст.

Аз соли 1990 то 1995 вакили мардумии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Аз соли 1992 то 1995 сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, аз соли 1995 то 1996 муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буд.

Рустам Назарзода

Аз соли 1996 то 1999 раиси Комиссияи давлатии Тоҷикистон оид ба назорати маводи мухаддир кор кардааст.

Соли 1999 бо фармони президенти  Тоҷикистон директори Агентии назорати маводи нашъаовар таъин шудааст.

Аз 30 январи то 9 августи соли 2004 ҳамчун муовини аввали Директори АНМ ва аз 9 августи соли 2004 дубора директори Агентӣ таъин гардида, то 2 феврали соли 2016 дар ин вазифа фаъолият кардааст. 

Аз 2-юми феврали соли 2016 то моҳи январи соли 2025 раиси КҲФ буд.

Ҳоло бознишаста аст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

28 феврали соли 1935 химики амрикоӣ Уоллес Каротерс нейлонро кашф кард. Ӯ нахуст смолаи полиамидӣ ихтироъ намуда, нахҳои нави синтетикиро ба вуҷуд овард.


Аввалин нейлонҳо соли 1939 ба фурӯш баромаданд ва нахустин ҷӯробҳои нейлонӣ дар Амрико боиси таваҷҷуҳи ҷомеа гардиданд.

Имрӯз Рӯзи хоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ таҷлил мешавад. Тибқи ин анъана, хоби кӯтоҳ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нишонаи заҳматкашӣ ва серкорӣ мебошад. Ҳадафи ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба аҳамияти хоб дар ҳаёти инсон гуфта мешавад.


Имрӯз яке аз ҷашнҳои миллӣ ва дӯстдоштаи финҳо – Рӯзи эпоси миллӣ “Калевала” таҷлил мегардад. Ин ҷашн ба эпоси мардумии карело-финӣ ва фарҳанги Финландия бахшида шудааст ва рӯзи барафроштани парчами миллӣ дар ин кишвар ба ҳисоб меравад.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 28 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º сард, рӯзона -4+1º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм), дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -4+1º, рӯзона 4+9º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 4-9º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15º сард, дар баъзе минтақаҳо  то 19-21º сард, рӯзона 3-8º сард.      

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 12+14º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 5-7º сард, рӯзона 0+2º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.