ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 17 МАРТ

Соли 1991 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ раъйпурсии умумииттифоқӣ баргузор шуд, ки дар он се чоряки овоздиҳандагон ҷонибдори ҳифзи СССР буданд. Ҳамон сол Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт.

Соли 2003 – Дар Форуми ҷаҳонии об дар Киото (Ҷопон), Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки аз соли 2005 “Даҳсолаи байналмилалии оби тоза” эълон гардад. Дар моҳи декабр, Созмони Милали Муттаҳид ин ташаббуси Тоҷикистонро расман дастгирӣ намуд.

Соли 2009 – Дар Тоҷикистон Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Соли 2010 – Бар асари фаромадани тарма дар километри 73-юми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд 8 нафар ҷон бохтанд.

Соли 2015 – Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони Театри миллии Тоҷикистон оғоз бахшид.

Соли 2016 – Дар шаҳри Абудаби бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб ифтитоҳ гардид.

Соли 2020 – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон (даъвати шашум) ҷаласаи нахустинашро баргузор кард. Раиси нави палатаи поёнии парлумон Маҳмадтоир Зокирзода – собиқ муовини сарвазири ҷумҳурӣ интихоб гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1934 – Зодрӯзи Мусофиршо Маликов, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон.

Мусофиршо Маликов, ки солҳо дар Театри Хоруғ ҳунарнамоӣ кардааст, хатмкардаи Институти театри бадеии ба номи А. Островскийи Тошканд буда, дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи Хоруғ ба сифати ҳунарпеша фаъолиятро шурӯъ намуд ва беш аз се даҳсола дар ин саҳна ҳунар озмуд.

Ӯ махсусан дар иҷрои нақшҳои драмавӣ маҳорати хоса дошт ва нақшҳои ӯ дар ин жанр муассиранд. Нақшҳои ӯ дар намоишномаҳои “Найрангҳои Майсара”, “Нисо”, “Соати бурҷи Кремл”, “Барқия ба В. И. Ленин”, “Ситораи умед”, “Қишлоқи тиллоӣ”, “Нидои суханвар”, “Ҷойи сердаромад” намунаҳои беҳтарини ҳунарнамоиаш мебошанд.

Баъдан ҳамчун коргардон намоишномаҳои “Дуртар аз сарҳад”, “Муҳаббат ва адоват”, “Зафар”, “Эй ҷавонӣ, ҷавонӣ”-ро таҳия намудааст.

Ӯ ҳамчунин маҳорати хуби навозандагӣ дошт ва “Рубоби ман”, “Ленинободам”, “Москваи ман” барин сурудҳоро эҷод кардааст.

Соли 1960 – Мавлуди Ғуломқодир Бобизода, кимиёдон, профессор ва дорушиноси тоҷик.

Соли 1960 – Зодрӯзи Ҳаким Тошхӯҷаев, физикдон ва риёзидони тоҷик.

Соли 1972 – Мавлуди Дилбар Одилзода, муовини раиси шаҳри Душанбе.

Дилбар Одилзода

Дилбар Одилзода фаъолияти кориашро ба ҳайси омӯзгор ва мураббӣ оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар соҳаи маориф кор кардааст. Як муддат муовини раиси шаҳри Кӯлоб буд.

Ҳамзамон соли 2020 аз ҳавзаи интихоботии вилояти Хатлон вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

21 феврали соли 2022 муовини раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Соли 2010 – Муҳаммадшариф Ҳимматзода, сиёсатмадор, яке аз муассисон ва нахустин раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҳоло фаъолияташ дар Тоҷикистн мамнуъ аст) дар синни 59-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Соли 2017 - Атахон Сайфуллоев, адабиётшиноси маъруф ва профессори шинохтаи тоҷик аз олам даргузашт.

Ӯ аз феврали 1989 то августи 1990 дар вазифаи директори Институти такмили ихтисоси муаллимони ҷумҳурӣ фаъолият дошт. Аз августи 1990 то июли 1991 мудири шуъбаи ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибатҳои миллии КМ ҲК Тоҷикистон буд.

Атахон Сайфуллоев

Аз соли 1991 то майи 1992 ҳамчун раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон низ кор кардааст. Аз июни соли 1994 то августи 2002 котиби масъули шуъбаи Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Атахон Сайфуллоев ҳамчунин як муддат раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва муовини якуми раиси Ҳаракати мазкур буд.

Муҳимтарин китобу монографияҳои тадқиқотии ӯ «Тафаккур ва образ» (1968), «Мактаби Айнӣ» (1978), «Мирзо Турсунзода. Очерки ҳаёт ва эҷодиёти шоир» (1983, 2004), «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» (дар шаш ҷилд; ҷ. 1–1984; ҳамроҳи Х. Мирзозода ва А. Абдуманнонов), «ва ғайра мебошад.

Соли 2024 – Умар Зиёев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт.

Умар Зиёев

Ӯ соли 1974 ба дастаи эстрадии “Гулшан” даъват гардид ва беш аз ду даҳсола дар пешбурди эстрадаи тоҷик саҳм гирифт. Мавсуф аз сарояндаҳои хушноми 50 соли охир буда, солҳо раҳбарии дастаҳои ҳунарии “Гулшан” ва “Сипар”-ро ба дӯш дошт.

Ин овозхон солҳои 1980-ум бо сурудаҳои “Сад раҳ дар интизорат”, “Зулфи парешон” ва “Замини маҳбуб ва зодгоҳ” шӯҳрат ёфта, солҳои 2000-ум ба хондани сурудҳои ватанпарварона пардохт.

Дар охирин мусоҳибааш бо “Азия-Плюс” гуфта буд, бо сари баланд масъулияти ба дӯш доштаро ба поён расонид.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

17 марти соли 1845 соҳибкор ва ихтироъкори англис Стивен Перри бинти эластикиро патент кард.


Перри мушоҳида кард, ки коргарони плантатсияҳои каучук дар охири рӯзи корӣ дастонашонро бо тасмаҳои каучук мепечонданд, ки ин ба онҳо имкони истироҳат медод. Ин мушоҳида ӯро ба ихтирои бинти махсуси эластикӣ илҳом бахшид.

17 марти соли 1816 қайиқи буғии “Элиза” аз бандари хурди Нюҳейвени Англия (80 км ҷанубтар аз Лондон) ба бандари Гаври Фаронса расид ва ба ин васила, аввалин киштии буғӣ шуд, ки гулӯгоҳи Ла-Маншро убур кард.


Ҳадафи ин он буд, ки киштиҳои нав бо муҳаррики буғӣ на танҳо барои ҳаракат дар дарёҳо, балки барои уқёнусҳо низ муносибанд.

17 марти соли 1941 дар Вашингтон Галереяи миллии санъат ифтитоҳ гардид.

Ин галереяро соли 1937 бонкдор, саноаткор ва хайрхоҳи амрикоӣ Эндрю Уилям Меллон таъсис дода буд. Асоси коллексияҳои галереяро маҷмӯаҳои хусусии асарҳои гаронарзиш ташкил медиҳанд, ки давраҳои гуногунро фаро мегиранд – аз Проторенессанси асри XIII-и Италия то импрессионизми Фаронса ва модернизми аврупоӣ.


Имрӯз Галереяи миллии санъати Вашингтон ё Галереяи миллии тасвирӣ яке аз бойтарин ва ҳамзамон ҷавонтарин осорхонаҳои санъат дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.

17 марти соли 1989 дар шаҳри Гизаи Миср, наздикии пирамидаи Хеопс, дар умқи ду метр мумияи зани ҷавони ашрофзода пайдо шуд, ки тахмин меравад дар давраи сулолаи сеюми фиръавнҳо (тақрибан соли 2600 пеш аз милод) зиндагӣ мекард. Барои муддате гумон мерафт, ки ин яке аз аввалин таҷрибаҳои мумиёсозии инсон буд.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 17 МАРТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 5+10º гарм, рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, рӯзона 8+13º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 14+19º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, рӯзона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 22-24º сард, рӯзона -2+3º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 7+9º гарм, рӯзона 20+22º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 18+20º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 21+23º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 5+7º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.