Таниш миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки тақрибан як моҳ пеш, баъди мактуби Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА ба Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон оғоз шуд, дар ду рӯзи охир якбора шиддат гирифт. Он ба ҷое расид, ки ба иттилои расонаҳо, Алии Хоманаӣ ба нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дастур додааст, “дар ҳолати омодабош қарор гиранд”.

Дар ин бора хабаргузории “Ройтерз” бо такя ба як мақомдори баландпояи Эрон иттилоъ дода, навиштааст, “бо ин вуҷуд, ки Эрон талаби Доналд Трампро рад кардааст, вале мехоҳад, музокироти ғайримустақимро тавассути Уммон идома диҳад”.

Ҳамзамон, Эрон ба Ироқ, Кувайт, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Туркия ва Баҳрайн ҳушдор додааст, ки агар аз қаламрав ё ҳарими ҳавоии онҳо барои ҳамла ба Эрон истифода шавад, ин кор “амали душманона арзёбӣ мешавад” ва паёмадҳои сангин хоҳад дошт.

Аз миёни ин кишварҳо танҳо Кувайт Эронро итминон додааст, ки ҳеҷ гуна иқдоми таҷовузкоронаро, ки ба сӯи дигар кишварҳо аз хоки ин кишвар равона шавад, намепазирад.

Таниши лафзи байни ду кишвар моҳи март, баъди ирсоли нома аз ҷониби Трамп ба Хоманаӣ ва талаби музокирот сари барномаи ҳастаии Эрон оғоз шуд. Эрон ба ин нома тавассути Уммон посух дод ва гуфтушуниди мутсақимро рад крад. Баъд аз ин Трамп таҳдид кард, ки агар Вашингтон ва Теҳрон дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ба созиш нарасанд, Амрико ба ин кишвар ҳамла мекунад.

Баъди таҳдидҳои Трамп дар бораи “бомбборон” кардани Эрон, намояндаи ин кишвар дар СММ суханони раиси ҷумҳури Амрикоро нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ номида, ҳушдор дод, ки “ба ҳар гуна ҳамла аз сӯи ИМА зуд ва қатъӣ посух дода хоҳад шуд”.

Ҳоло, ҷобаҷокунии техникаи ҳарбии ИМА дар Ховари Миёна ва ирсоли аслиҳа ба Исроил, ки ҳампаймонаш аст, Эронро нигарон кардааст.

Аз ҷумла, рӯзномаи “Newsweek” имрӯз, 7-уми апрел, бо такя ба тасовири ҷадиди моҳвораӣ гузориш додааст, ки киштии ҳавопаймобари амрикоии “USS Carl Vinson”, ки дар ибтидо дар ғарби уқёнуси Ором мустақар буд, ҳоло дар роҳи пайвастан ба Ховари Миёна аст. Расонаҳо инро ҳамчун оғози бархӯрди тунди Амрико нисбат ба Эрон пешбинӣ кардаанд.

Хабаргузории “Ройтерз” бо такя ба фармондеҳон ва мақомоти Ироқ хабар дод , ки чанд гурӯҳи мусаллаҳи таҳти ҳимояти Эрон дар Ироқ барои ҷилавгирӣ аз даргирии эҳтимолӣ бо маъмурияти Доналд Трамп ба халъи силоҳ омода мешаванд.

Бар асоси ин гузориш, мақомоти амрикоӣ ба ҳукумати Ироқ ҳушдор додаанд, ки агар ин гурӯҳҳо пароканда нашаванд, ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии Амрико қарор мегиранд.

Муҳаммад Боқирӣ
Акс аз AFP

Дар пайи ин амалҳо, Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон имрӯз дар як изҳороташ гуфтааст, ки Эрон ҷангро оғоз намекунад, вале  ба ҳар гуна таҳдид посухи қотеъона хоҳад дод.

“Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷангҷӯ нест, аммо зулмро намепазирад ва муқобилият хоҳад кард”, - гуфтааст ӯ.

Боқирӣ ба мавқеи Хоманаӣ дар бораи музокира бо ИМА ишора карда, гуфтааст, ки Эрон музокираҳои мустақимро анҷом намедиҳад, “аммо барои гуфтугӯи ғайримустақим мушкилие нест”.

Ӯ зикр кардааст, ки Алии Хоманаӣ, Трампро ҳамчун “тарафи нобовар ва бефасл” дар музокираҳои қаблӣ тавсиф кардааст ва “ба ин далел, ба вай бовар намекунанд”.

Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, дар мусоҳиба бо хабаргузории “Тасним” дар бораи оғози музокироти ғайримустақим бо Амрико гуфтааст, ки “пешниҳоди музокироти мустақим ба далелҳое, ки борҳо гуфта мешавад, барои мо қобили қабул нест, аммо мо барои музокироти ғайримустақим тавассути кишвари Уммон омодаем”.

Аббос Ароқчӣ

“Ҳоло тӯб дар майдони Амрико аст, то ба пешниҳоди Эрон посух диҳад. Ҳарчанд мо шитоб надорем”,- таъкид кардааст Ароқчӣ.

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфтааст, ки Амрико то ҳол дар мавриди музокироти ғақримустақим посух надодааст.

“Мо интизори тасмими ИМА дар ин бора ҳастем. Пешниҳоди Ҷумҳурии Исломии Эрон барои музокираҳои ғайримустақим, бо таваҷҷуҳ ба таърихи ин масъала ва тамоюлҳои марбут ба масъалаи ҳастаӣ ва музокираҳои даҳсолаи гузашта бар пояи як тасмими масъулиятнок ва оқилона буд”,-таъкид кардааст вай.

Ӯ оғози музокирот бо Амрикоро хабари бардурӯғ хонда, афзудааст, ки “иттилооте, ки дар ин замина матраҳ мешавад, як овоза аст ва вазорати хориҷа масъули пешбурди ҳар навъ музокира аст”.

Вай иброз доштааст, ки “мавқеъи Эрон дар масъалаи ҳастаӣ комилан шаффоф аст ва Эрон ҳеҷ гоҳ дар пайи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ нест”.

Қарор аст имрӯз, 7-уми апрел Доналд Трамп ва Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил мулоқот ва масъалаи музокира бо Эронро баррасӣ кунанд. Телевизиони шабакаи “14-и Исроил” навиштааст, ки мавзӯи Эрон дар авлавиятҳои мулоқоти Нетаняҳу ва Трамп дар Кохи Сафед хоҳад буд.

Дар пайи ташдиди танишҳо миёни Эрон ва Амрико, Русия омодагии худро барои анҷоми “ҳар кори имконпазир” барои расидан ба созиши дипломатӣ миёни ду кишвар эълом кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Масъуди Пезишкиён низ гуфтааст, ки Эрон бо "хорӣ" музокира нахоҳад кард.

Зимнан, намояндагони Русия, Чин ва Эрон фардо дар Маскав барномаи ҳастаии Эронро баррасӣ мекунанд.

Мария Захарова, сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Русия имрӯз гуфт, ки намояндагони Русия, Чин ва Эрон рӯзи сешанбеи 8-уми апрел барои баррасии барномаи ҳастаии Эрон нишасти сатҳи "коршиносон" баргузор карданд.

Маскав борҳо пешниҳод кардааст, ки барои миёнаравӣ миёни ду ҷониб омода аст.

аз манбаъҳои боз

Дар ҳоле, ки таниш миёни Амрико ва Эрон шиддат меёбад, коршиносон бо таваҷҷуҳ ба вазъи ноустувори сиёсиву амниятӣ дар ҷаҳон, аз паёмадҳои фалокатбори бархӯрди низоми миёни ин ду кишвар ва оғози боз як моҷаро дар минтақа огоҳ мекунанд. Ба қавли коршиносон, оғози низоъ метавонад ҳам барои ин ду кишвар ва ҳам барои минтақа ва ҷаҳон дарди сарҳое офарад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.