ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз тими миллии наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон-2025 бо дастаи Буркина-Фасо рақобат мекунад. Мусобиқот дар Қатар идома дорад.
– Имрӯз соати 9:00 дар Иттифоқи нависандагон Анҷумани навбатии ИН, баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар он раис, мувоинони ӯ ва аъзоёни Раёсати иттиҳодия аз нав интихоб шуда, ҳамчунин ба Оинномаи ИНТ таъйирот ворид шавад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2004 – Раванди супоридан ва қабули сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз сӯи сарҳадбонони Русия ба ихтиёри сарҳадбонони Тоҷикистон оғоз ёфт.
Соли 2010 – Сармоягузорони ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” назди бинои ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе бо талаби баргардонидани маблағҳои гузоштаи худ барои сохтмони манзил ҷамъ омаданд.
Соли 2018 – Хушқадам Хусравов, паҳлавони шинохтаи кишвар дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Бухарести Руминия баргузор шуд, медали тилло ба даст овард.

Соли 2019 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар Форуми сулҳ дар Порис суханронӣ кард.
Соли 2019 – Дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1950 – Мавлуди Давлатхоҷа Довудӣ, бостоншинос ва сиккашиноси тоҷик, доктори илми таърих.

Довудӣ яке аз муҳаққиқони барҷастаи таърихи иқтисодӣ ва фарҳанги моддии тоҷикон ба шумор меравад. Ӯ хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро ҳамчун дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмад Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оғоз кардааст. Сипас ба ҳайси ходими илмӣ, ходими пешбар ва сарходими илмӣ дар ин институт фаъолият доштааст. Аз соли 2011 то поёни умр сарвари шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон буд.
Довудӣ муаллифи 14 рисола ва беш аз 200 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ буда, самти асосии таҳқиқоти ӯ сиккашиносӣ ва таърихи гардиши пул дар сарзамини Тоҷикистон аст.
Аз дастовардҳои барҷастаи ӯ метавон таҳқиқи дафинаҳои сиккаҳои мисии Темуриён, дирҳамҳои Чағониён, инчунин омӯзиши 97 дафинаи сиккаҳои қадим ва асримиёнагии Тоҷикистонро ном бурд. Ӯ ҳамчунин сиккаҳои нодири сомонӣ, қаҳронии Узгандӣ, тангаҳои мири Бадахшон Увайс ва сиккаҳои Темурии Бадахшонро мавриди омӯзиши илмӣ қарор додааст.
Давлатхоҷа Довудӣ дар корҳои ҳафриёти зиёди бостоншиносӣ, аз ҷумла дар ковишҳои ёдгориҳои маъруф – Вашгирд, Панҷакенти Қадим, Кӯлоб, қалъаҳои Ҳисор, Ҳисорак, Ҳулбук, Золи Зар, Хонақоҳ, Чимқӯрғон ва дигар мавзеъҳо саҳми арзанда гузоштааст.
Номбурда 26-уми августи соли 2022 дар 71 солагӣ даргузашт.
Соли 1956 – Зодрӯзи Марямбонуи Фарғонӣ, рӯзноманигор, нависанда ва шоири тоҷик.

Марямбонуи Фарғонӣ умри худро ба тарғиби фарҳангу таърихи тоҷикон ва таҳкими ҳувияти миллӣ сарф кардааст. Ӯ яке аз мудофиони забону фарҳанги тоҷикӣ дар Ӯзбекистон мебошад.
Нормбурда фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби деҳа оғоз намуд. Аз охири соли 1984 то ноябри 1989 дар шаҳри Душанбе ба ҳайси методисти калони Маркази методии Вазорати маорифи Тоҷикистон фаъолият дошт. Минбаъд дар як қатор нашрияҳои маъруф, аз ҷумла “Паёми Душанбе”, “Садои мардум”, “Адабиёт ва санъат”, маҷаллаҳои “Истиқбол”, “Фирӯза”, радиои “Садои Хуросон” ва ҳафтаномаи “Омӯзгор” кор кардааст. Ҳоло бештар ба фаъолияти эҷодӣ машғул мебошад.
Ӯ ҳанӯз аз давраи мактабхонӣ ба шеър майл пайдо карда буд ва нахустин навиштаҳояш дар матбуоти ноҳифвӣ ва ҷумҳуриявӣ мунташир гардиданд. Баъдан маҷмуаҳои “Исои ман шав”, “Нури ахтарпораҳо” ва “Табъи гуҳаррез” ба нашр расиданд.
Ҳамчунин ӯ муаллифи асарҳои насрии “Афсонаи тамаддун”, “Ҳадиси Риштон”, “Хуморшикан”, “Чаҳор қисса”, “Шаҳболи хаёл” ва романи “Таманно” аст, ки аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон қисса мекунад.
"Азия-Плюс" ду сол пеш ба муносибати зодрӯзи ин нависандаи хушноми тоҷик дар бораи зиндагии имрӯза, корнома ва вазъи забону ҳувияти тоҷикон дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусоҳиба карда буд, ки онро дар ин пайванд метавонед хонед: Марямбонуи Фарғонӣ: “Тоҷикони Ӯзбекистон дар замини аҷдодии худ зиндагӣ мекунанд!”
Соли 1960 – Мавлуди Саламшо Муҳаббатов, собиқ фармондеҳ, роҳбари пешини Кумитаи нафт ва газ.

Саламшо Муҳаббатов аз фармондеҳони собиқи шинохта дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзӣ буда, то соли 1992 дар шаҳри Душанбе ҳамчун директори мағозаи муштараки тоҷикию латвиявӣ бо номи “Ригонда” фаъолият кардааст.
Аз соли 1992 фармондеҳи дастаи худмуҳофизати Ванҷ буда, баъдан ба ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик шомил шуд.
Баъд аз хатми ҷанг то соли 2001 раиси Кумитаи нафт ва газ буд ва баъди он дар ширкату идораҳои давлатии дигар низ ифои вазифа карда, баъдан ба варзиш машғул шуда, унвони устоди самбо, ҷудо ва гуштии озодро соҳиб шудааст.
Ӯ ҳамчунин муддате раиси Федератсияи гуштии озод ва юнониву румии Тоҷикистон буд ва соли 2013 дар мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо байни собиқадорон пирӯз омада, унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб шуд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
11-уми ноябр дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ёдбуди қурбониёни Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ таҷлил мешавад. Ин ҷанг яке аз пурқурбонитарин ва фоҷиавитарин рӯйдодҳои таърихи инсоният ба шумор меравад. Он аз 28-уми июли соли 1914 то 11-уми ноябри соли 1918 идома ёфт ва қариб тамоми давлатҳои бузурги он замонро ба гирдоби ҷанг кашид.

Дар натиҷаи ин ҷанг тақрибан 10 миллион кас ҷони худро аз даст дода, беш аз 22 миллион тан захмӣ шуданд. Ҷанги якум на танҳо харобӣ ва талафоти бузурги инсонӣ овард, балки харитаи сиёсии ҷаҳонро низ дигар кард: империяҳои Русия, Олмон, Австро-Венгрия ва Усмонӣ аз байн рафтанд.
11-уми ноябр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии сарфакории нерӯи барқ таҷлил мешавад. Ин рӯз соли 2008 бо ташаббуси созмонҳои муҳити зист таъсис ёфта, ҳадафаш баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи истифодаи оқилонаи захираҳои энергетикӣ мебошад.
Ин рӯз кишварҳоро ба истифодаи технологияҳои сабз, манбаъҳои барқароршавандаи энергия (мисли офтоб, шамол ва об) ва коҳиши исроф даъват мекунад.

Сармоягузорӣ ба нерӯи тоза ва тарбияи фарҳанги сарфакорӣ имрӯзу фардои инсониятро аз мушкилоти энергетикӣ ва экологӣ эмин медорад.
11-уми ноябр инчунин Рӯзи ҷаҳонии харид аст. Сарчашмаи он соли 2009 аз Чин оғоз ёфт. Он замон ширкати "Alibaba Group" иқдомеро таҳти унвони “Рӯзи ҷаҳонии харид” роҳандозӣ кард.
Ин иқдом ба зудӣ ба падидаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, садҳо ширкат ва марказҳои савдо дар саросари ҷаҳон фурӯшҳои махсус бо тахфифҳои аз 30 то 70 дарсад ташкил карданд.

Соли 2013 танҳо ширкати "Alibaba" дар як шабонарӯз ба маблағи 5,8 миллиард доллар маҳсулот фурӯхт, ки нишондиҳандаи тавоноии бозори рақамии ҷаҳонӣ сабт шудааст.
11-уми ноябри соли 1987 дар музоядаи маъруфи "Sotheby’s", расми машҳури рассоми нидерландӣ Винсент ван Гог бо номи “Ирисҳо” ба маблағи рекордии 53,9 миллион доллар фурӯхта шуд. Он вақт ин нарх дар таърихи фурӯши асарҳои тасвирӣ гаронтарин ба шумор мерафт.
Ду сол баъд, соли 1990, шоҳасари дигари Ван Гог – “Портрети доктор Гаше” низ дар музояда бо арзиши 82,5 миллион доллар фурӯхта шуд ва ба гаронбаҳотарин асари рассом табдил ёфт.

ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, рӯзона 0+5º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 5+10º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º сард, рӯзона 5+10º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, рӯзона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, рӯзона 0-5º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 13+15º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 7+9º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 15+17º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 4-6º сард, рӯзона 8+10º гарм.




Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста