Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба аввали моҳи сентябри соли равон ҳаҷми бақияи умумии қарзҳо дар низоми бонкии кишвар ҳудуди 30% афзуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, таҳлил ва ҷамъбасти бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави кишвар дар моҳи августи соли равон нишон додааст, ки нишондиҳандаи мазкур ба 8 млрд. 944,6 млн. сомонӣ (беш аз 1,8 млрд. $) баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,9 фоиз зиёд шудааст.
«Чун моҳи гузашта дар ин давра низ раванди афзоиши қарзҳои дарозмуҳлат идома ёфта, зиёда аз 3,8 млрд. сомониро ташкил дод», - омадааст дар хабар.
Ба иттилои манбаъ, фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ бо пули миллӣ 24,95 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,23 фоизи солонаро ташкил намуданд.
«Бинобар зиёд гардидани талаботи аҳолӣ ба қарзҳои хурд ҳаҷми ин намуди хизматрасонии бонкӣ дар моҳи август раванди афзоишро идома дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 28,6 фоиз зиёд шуд. Аз он ҷумла, 745,8 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 24,1 фоиз зиёд мебошад», - зикр мегардад дар маълумоти БМТ.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста