Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон 996,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,8% камтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра маъмулан манфӣ ва муодили 537,2 млн. доллари ИМА шудааст. Соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 72 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 62 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.
Дар 3 моҳи соли 2015 ҳаҷми содироти мол 214,5 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ба миқдори 12,7% ё худ 24,2 млн. доллари ИМА зиёдтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш 751,7 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 16,9% ё худ 153,3 млн. $ камтар аст.
Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар 3моҳи соли ҷорӣ Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он 266 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Қазоқистон – 160 млн. $ ва Швейтсария – 104 млн. $-ро ташкил додааст.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста