Корхонаи дорусозии «Нижфарм»-и шаҳри Нижний Новогороди Русия, ки ба холдинги Stada CIS шомил аст, дар Тоҷикистон намояндагии худро ифтитоҳ намуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти холдинги Stada CIS, намояндагони тиббии ширкат аз соли 2007 дар Тоҷикистон фаъолият доранд.
Қайд мешавад, ки тайи 5 соли ахир ҳаҷми фурӯши доруву таҷҳизот 2,5 баробар афзуда, соли 2014 ба 1,5 млн. евро расидааст. «Бо чунин суръати рушд зарурати ифтитоҳи намояндагии мустақил ба миён омад», - таъкид мешавад дар маълумот.
Директори генералии ҶС «Нижфарм», сарноиби президенти Stada AG оид ба Русия, ИДМ ва кишварҳои Аврупои Ҷанубу Шарқӣ Дмитрий Ефимов изҳор доштааст, ки рушди истеҳсолот, аз ҷумла ҳаҷми содирот яке аз самтҳои стратегии ширкат мебошад.
«Пешсафии мо дар бозорҳои ИДМ ва кишварҳои Балтика натиҷаи тавсеъаи ҳузури доруву таҷҳизоти ширкат аз ҳисоби ифтитоҳи дафтарҳои кории минтақавӣ аст», - гуфтааст номбурда.
Дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ Тоҷикистон соҳиби 7 медал шуд
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста