Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда бо рафти сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 аз наздик шинос шуд.
Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ӯ аз ҷараёни корҳои сохтмон дар худи иншоот қаноатмандӣ изҳор намуда, лекин аз суръати корҳои бунёди анборҳо барои нигаҳдории ангишт норозигӣ баён кардааст.
Азим Иброҳим таваҷҷуҳи муҳандисоон ва бинокоронро ба васлу насби саривақтии технологияи таъмини бехатарии пурраи иншоот ҷалб намудааст.
Барои кам кардани хароҷоти марбут ба расонидани ангишт аз соҳили чапи дарёи Варзоб ба МБГ тариқи автомобилҳои боркаш, муовини нахуствазир дастур додааст, ки масъалаи ҷорӣ кардани тарзи кашонидани ангишт ба иншоот тавассути зарф бо таноб мавриди омӯзиш қарор дода шавад.
Азим Иброҳим хотиррасон намудааст, ки дар паёми президент ба парлумон аз 20 январи соли гузашта зикр гардид, ки навбати дуюми МБГ Душанбе-2 бо иқтидори 300 мегаватт бояд ахири соли равон ба истифода дода шавад.



Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста