Бонки марказии Русия иттилоъ медиҳад, ки семоҳаи аввали соли 2016 ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба кишварҳои узви ИДМ ҳамагӣ 914 млн.доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба семоҳаи аввали давраи тобӯҳронии соли 2014 (3,3 млрд доллари ИМА) қариб 4 маротиба камтар аст.
Нашрияи Коммерсантъ менависад , дар зарфи 2 сол ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон аз 644 млн. доллари ИМА дар семоҳаи аввали соли 2014 то ба 103 млн. доллари ИМА дар семоҳаи аввали соли равон коҳиш ёфтаанд, ки сатҳи камшавӣ 6,3 маротибаро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар интиқоли пул аз Русия миёни кишварҳои узви ИДМ Ӯзбекистон пешсаф аст, ки тӯли се моҳи соли 2016 аз Русия ба ин кишвар 256 млн. доллари ИМА (ҳамин давраи соли 2014 - 910 млн. доллари ИМА ва коҳиш - 3,5 маротиба) маблағи пулӣ фиристода шудааст.
Дар зинаи дуюм Қирғизистон қарор дорад, ки дар ин давра аз Русия ба ин кишвар 150 млн. доллари ИМА (ҳамин давраи соли 2014 - 386 млн. доллари ИМА ва коҳиш - 2,6 маротиба) маблағи пулӣ интиқол дода шудааст.
Зинаи сеюмро Украина ишғол намуда, ҳаҷми интиқоли пул дар се моҳ ба ин кишвар 137 млн. доллари ИМА (ҳамин давраи соли 2014 - 543 млн. доллари ИМА ва коҳиш 4 маротиба)-ро ташкил додааст. Муворфиқи нишондиҳандаҳои дар боло зикршуда Тоҷикистон дар зинаи 4-ум қарор дорад.




Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста