Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ҳамбастагӣ бо Ҳайати намояндагони Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояти СММ, намояндагони САҲА ва Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, дар мавзӯи “Пешниҳоди беҳтарин таҷрибаҳои кор дар бахши гузаронидани тафтишот дар самти мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм”, барои мутахассисони Департаменти назорати молиявии БМТ, мақомоти судӣ, прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ семинари таълимӣ баргузор намуд.
Дар рафти семинар коршиносони Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояти СММ ва Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба иштирокдорони семинар аз намунаҳои беҳтарини таҳқиқоти амалии молиявӣ мисолҳо оварда, барои дар амалия истифода бурдан усулҳои мушаххас ва муассир пешниҳод намуданд.
Дар хотимаи чорабинӣ иштирокдорон аз баргузории семинари мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки омӯзиши таҳқиқи ҷиноятҳои молиявӣ бо истифода аз усул ва технологияи муосир ба манфиати кор буда, таҷрибаҳои андӯхта дар амалия ҳатман татбиқ хоҳанд шуд.



Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста