Барои амалисозии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ дар ҳаҷми ҳудуди 55 млрд. доллар дар назар аст, ки ин маблағ қариб нисфи ҳамаи воситаҳои зарурӣ барои амалисозии ин ҳуҷчатро ташкил медиҳад.
Муаллифони санад зикр мекунанд, ки дар маблағгузории Стратегия сармоягузориҳои хусусӣ, аз ҷумла ҳам сармоягузориҳои хориҷӣ ва ҳам дохилӣ нақши муҳим дошта, бо ин мақсад баҳри ҷалби онҳо ба таври қобили мулоҳиза беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ пешбинӣ шудааст.
Ба сифати сарчашмаи дигар ҷиҳати амалисозии Стратегия воситаҳои буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 56,1 млрд. доллар (47,5% аз ҳаҷми умумии зарурӣ барои татбиқи Стратегия) пешбинӣ шудааст.
Дастгирии шарикони рушд, воситаҳои созмонҳои бисёрҷонибаи байнулмилалӣ ва мусоидати техникӣ аз ҷониби онҳо дар масъалаи таҳия ва амалисозии ислоҳоти дар санад зикршударо муаллифон сарчашмаи хеле муҳими рушди барномавии кишвар мешуморанд. Интизорӣ меравад, ки ҳиссаи шарикони рушд 7,3 млрд. долларро ташкил хоҳад дод.
Дар назар аст, ки шарикони рушд маблағгузориҳоро аз ҳисоби воситаҳои грантӣ зиёд мекунанд, ки «ба рӯҳияи ҳадафҳои нави рушди устувор» ҷавобгӯ аст.
Ҳаҷми умумии ҳамаи воситаҳои пешбинишуда барои 15 соли минбаъда аз рӯи ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба 118 млрд. 133 млн. доллар баробар аст.
Қобили зикр аст, ки Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби парлумон моҳи декабри соли гузашта қабул шуда буд.
Барои амалисозии Стратегия ҳадафҳои зерини стратегии рушд барои 15 соли оянда муайян карда шудаанд: гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ; аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан; таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва ниҳоят вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул.
Дар Стратегия нигаҳдории суръати рушди ҳамасолаи иқтисод дар сатҳи 7-8%, 3 баробар ва зиёдтар аз он афзоиш додани Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, 2,5 баробар зиёд кардани нишондиҳандаи сатҳи ММД ба ҳар сари аҳолӣ, беш аз 2 баробар коҳиш додани сатҳи кмабизоатӣ ва аз байн бурдани қашшоқӣ пешбинӣ шудааст.
Яке аз имконоти калидӣ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, ҳаҷми зиёди мавҷудаи интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби шахсони воқеъӣ низ маҳсуб меёбад.