Рушди бештар баланди иқтисод дар байни кишварҳои узви Бонки авруосиёиии рушд (БАОР) дар Арманистон ва Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Арманистон дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 12,5%, Қазоқистон - 4,5% ва Қирғизистон - 3,4% афзуда, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2023 ба миқдори 8,2% боло рафт, гуфта мешавад дар Гузориши макроиқтисодии моҳи июли БАОР.
Дар он зикр мешавад, ки иқтисодҳои Русия ва Беларус аз рӯи натиҷаҳои 5 моҳи соли равон бо афзоиши ММД мутаносибан ба андозаи 0,6% ва 0,9% ба минтақаи мусбат баргаштанд.
Муаллифони гузориш сатҳи баланди рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо “талаботи зиёди дохилӣ” (гардиши баланди савдои дохилӣ, - эзоҳи муаллиф) шарҳ медиҳанд.
Ба навиштаи онҳо, дар зарфи 5 моҳи соли равон гардиши савдои чакана ба андозаи 14,8% ва ҳаҷми сармоягузорӣ - 29,1% зиёд шудааст.
Дар Гузориш гуфта мешавад, ба ҷараёни умумии рушди иқтисод ҳамаи соҳаҳои асосии истеҳсолӣ саҳми мусбат мегузоранд: дар бахши кишоварзӣ ҳаҷми истеҳсол 12,6%, саноат - 22,8% афзуда, дар соҳаи нақлиёт ҳаҷми боркашон 7,8% ва мусофиркашонӣ - 50% зиёд шудааст.
“Ба ақидаи мо, соли 2023 ММД-и кишвар ба андозаи 7,9% зиёд мешавад. Коҳишро дар муқоиса бо семоҳаи якум, ки дар он иқтисод 8,2% афзуд, метавон дар робита ба камшавии ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон дар шароити поинравии қурби рубл интизор шуд”, - пешгӯӣ мекунанд итаҳлилгарони Бонк.
Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар соли 2022 рушди вооқеии иқтисоди Тоҷикистон 8%-ро ташкил дод. Ҳукумат дар соли равон низ чунин сатҳи рушдро интизорӣ дорад.
Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли гузашта 116 млрд сомонӣ (10,6 млрд доллар)-ро ташкил дод.
Ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар сохторӣ ММД ба 24,6%, саноат - 17%, савдо - 14,3%, нақлиёт - 9,3%, андозҳо - 9,2%, сохтмон - 7,9% ва дигар соҳаҳои хидматрасонӣ - ба 17,7% баробар шуд.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста