Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки қисми даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2023 ба маблағи 1 млрд сомонӣ (91,2 млн доллар) бе тағйир додани андозаи қасри буҷет зиёд карда шавад.
Қарори дахлдори рӯзи 22 сентябри соли равон аз ҷониби ҳукумат имзошуда ва дар портали итттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашршуда ба палатаи поёнии парлумон ирсол шудааст.
Дар замима ба санад гуфта мешавад, қисмати даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби воридоти маблағҳо аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ зиёд мешавад.
Кумитаи андоз ба ҷамъ овардани 400 млн сомонии иловагӣ аз ҳисоби пардохтҳои зерин уҳдадор мешавад:
- андоз аз даромад - 135 млн сомонӣ;
- андоз аз арзиши идовашуда (дохилӣ) - 155 млн сомонӣ;
- аксизҳо (дохилӣ) - 30 млн сомонӣ;
- андозҳо барои захираҳои табиӣ - 30 млн сомонӣ;
- воридоти ғайриандозӣ - 50 млн сомонӣ.
Ба Хадамоти гумрук супориш дода шудааст, ки воридоти маблағҳоро ба буҷет иловатан 600 млн сомонӣ зиёд кунад, аз ҷумла аз ҳисоби:
- андоз аз арзиши иловашуда (берунӣ) - 300 млн сомонӣ;
- аксизҳо (берунӣ) - 100 млн сомонӣ;
- боҷҳои гумрукӣ - 200 млн сомонӣ.
Дар санад пешбинӣ шудааст, ки пулҳои ҷамъшуда барои маблағгузории иловагӣ ба соҳаву бахш ва самтҳои зерин равона карда шавад:
- бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ - 33 млн 146 ҳазор сомонӣ;
- мудофиа - 340 млн сомонӣ;
- мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҳуқуқӣ - 4 млн 500 ҳазор сомонӣ;
- маориф - 66 млн сомонӣ;
- тандурустӣ - 26 млн сомонӣ;
- фарҳанг ва варзиш - 24 млн 104 ҳазор сомонӣ;
- комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 506 млн 250 ҳазор сомонӣ.
Даромади умумии буҷети ҷумҳуриявии тасдиқгардида дар ҳаҷми ҳудуди 13,6 млрд сомонӣ муқаррар шудааст.
Хароҷоти умумии буҷети ҷумҳуриявии тасдиқгардида зиёда аз 15,2 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Зидди ҳама. “Ҷанги тиҷоратӣ”-и Доналд Трамп ба минтақа ва Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Аз бинои нави ҲХДТ то корхонаи заргарӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе кадом иншоотро боз кард?
Суғду баъзе навоҳии тобеи марказ монд. Душанбе ҳам аз иҷрои 100 дарсади нақшаи даъват хабар дод
“12 мушак ба сӯи абрҳои жолазо партоб шуд”. КҲФ паёмади боронҳои шадиди ду рӯзи гузаштаро гуфт ва ба сокинон ҳушдор дод
Шабакаҳои тақсимоти барқ: Маҳдудияти интиқоли барқ давоми ду рӯзи оянда бекор мешавад
Як сол пеш Сулаймони хурдсол сӯзандоруи Zolgensma гирифт. Ҳоло ӯ чӣ ҳол дорад?
Трамп: “Амалиёт алайҳи Эронро Исроил роҳбарӣ хоҳад кард”. Пизишкиён: “Думболи бомби ҳастаӣ нестем, аммо иззат мехоҳем”
Ҳизби ҳоким соҳиби бинои нав шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 1
“Настоящее время”: Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон банд мондаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста