Тоҷикистон ва Туркманистон низоми ягонаи нархгузориро дар соҳаи нақлиёт ва логистика таҳия ва ҷорӣ хоҳанд кард.
Тавре ки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин тавофуқ дар вохӯрии вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Директори генералии Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон Маметхон Чакиев ҳосил шудааст.
Роҳбарони мақомоти нақлиёти ду кишваррӯзи 4 апрел дар Душанбе пас аз анҷоми вохӯриҳои расмӣ ва гуфтушунидҳои сатҳи баланд дар доираи сафари расмии Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон ба Тоҷикистон Қурбангулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот карданд.
Гуфта мешавад, Азим Иброҳим ва Маметхон Чакиев “ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории зич ва мутақобилан судмандро миёни марказҳои логистикии ду кишвар ба роҳ мемонанд, ба нархгузорӣ муносибати ягона зоҳир намуда, барои хизматрасониҳои байналмилалии боркашонӣ нарҳое ҷорӣ мекунанд, ки барои интиқолдиҳандагон қулай бошанд”.
Дар Вазорати нақлиёт зикр мекунанд, ки зимни мулоқоту гуфтушунидҳои расмӣ сарони ҳарду кишвар масъалаҳои рушду густариши робитаҳо дар соҳаҳои ояндадори иқтисодиёт, аз ҷумла нақлиёт ва боркашониро баррасӣ намуданд.
“Ба дурнамои густариши интиқоли транзитии борҳои тоҷик тавассути Туркманистон ва бунёди долони нақлиётӣ, ки ду кишварро бо дастрасӣ ба баҳри Хазар (Каспий) ба ҳам мепайвандад, диққати махсус дода шуд”, - таъкид мешавад дар хабари Вазорат.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо зикр карданд, ки талошҳои ҳарду кишвар бояд барои расидан ба ҳадафи асосӣ – бунёди инфрасохтори боэътимод ва муосир, ки системаҳои нақлиётии Осиеи Марказӣ ва дигар минтақаҳоро таъмин метавонд, равона карда шаванд.
Туркманистон кишвари калидии траназитӣ барои роҳ ёфтани молу маҳсулоти Тоҷикистон ба кишварҳои Ховари Миёна мебошад.
Муҳиммияти Туркманистон дар боркашонӣ барои Тоҷикистон панҷ сол пеш, вақте ки моҳи феврали соли 2019 мақомоти ин кишвар убури мошинҳо бо бор аз Тоҷикистонро тариқи қаламравашон манъ карданд, ба таври возеҳ аён шуд.
Он замон ба боркашонони Тоҷикистон лозим меомад, ки борро ба/аз Ховари Миёна (Эрон, Туркия ва минбаъд кишварҳои арабӣ) бо хатсайри Ӯзбекистон-Қазоқистон-Баҳри Хазар-Озарбойҷон расонанд, ки масофааш хеле тӯлонитар аст.
Дар Вазорати нақлиёт он замон гуфта буданд, ки аз сабаби ин амали ҷониби Туркманистон огаҳ нестанд, зеро ба дархостҳояшон дар ин бора аз ҳамтоҳои туркмани худ посух намегиранд.
Лекин манбаъҳои ғайрирасмӣ бар ин назар буданд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон гӯё бар асари аз сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон даст кашидани ҷумҳурии мо пас аз мусоид шудани муносибатҳо бо Ӯзбекистон ба сардӣ гароид.
Пас аз сафари охири президенти Тоҷикистон ба Ашқобод дар моҳи сентябри соли 2021 ҳамлу нақли борҳои Тоҷикистон тариқи қаламрави Туркмнаистон барқарор карда шуд.
Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар зарфи 2 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамагӣ ҳудуди 4 млн долларро ташкил додааст, ки 67% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.
Қобили зикр аст, ки наздики 95% аз ҳаҷми умумии савдои дуҷонибаро воридоти маҳсулот аз Туркманистон ба Тоҷикистон ташкил медиҳад.
“Поям дард мекунад”. Дар Хуҷанд қариб 50% автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд
Вазорати маориф: Баъди марги кӯдаки даҳсола дар Ваҳдат директори мактаб аз вазифа барканор шуд
Қариб 600 муҳоҷири ихроҷшуда дар Тоҷикистон бо кор таъмин шудаанд
“Зоҳиран ба ҷинояткор монанд будааст” Шикояти рӯзноманигор ба додситонӣ аз рафтори ғайриқонунии корманди милитсия нисбати фарзандаш
Огоҳӣ ба операторон: барои алоқаи пастсифат ҷарима ё иҷозатномаатон бозхонд мешавад
Табибони чинӣ дар Тоҷикистон қалби даҳҳо нафарро ройгон ташхис карданд
"Мо ба касе паёмак ирсол накардаем". Ҳушдори "Почтаи тоҷик" аз қаллобон
Озмуни “Беҳтарин ҳамсар”. Интихоб чӣ гуна сурат мегирад ва ғолиб чӣ тавр муайян мешавад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аз хиёл то ҳақиқат”
Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши СААД ба Остона рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста