Давоми моҳҳои январ-марти соли 2024 Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 7,2 млн барқ содир кард. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Аз ҷумла, аз ҳисоби интиқоли барқ дар моҳи январ зиёда аз 2,4 млн доллар, моҳи феврал - ҳудуди 2,8 млн доллар ва моҳи март - наздики 2 млн доллар маблағ ба даст оварда шудааст.

Ҳиссаи интиқоли барқ дар ҳаҷми умумии содироти кишвар дар соли гузашта 4,5%-ро ташкил дод.

Дар соли 2024 Тоҷикистон танҳо бо ду кишвар - Афғонистон ва Ӯзбекистон дар бораи содироти барқ қарордод ба имзо расонидааст.

Бино ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, содироти барқ ба Ӯзбекистон танҳо дар мавсими тобистон сурат гирифта, содироти он ба Афғонистон инчунин дар мавсими тирамоҳу зимистон низ идома меёбад, лекин “танҳо барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани зерсохтор”.

Раҳбарияти ширкат зикр карда буд, ки дар замони сардиҳо, вақте ки дар худи Тоҷикистон камбуди барқ эҳсос мешавад, интиқоли он ба Афғонистон 10 баробар - аз 400 Мвт то 40 Мвт коҳиш меёбад.

Ёдрас мекунем, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони гузашта истеъмолгарони барқ бо маҳдудияти шадиди интиқоли он дучор шуданд, ҳарчанд намояндагони ширкати тақсимоти барқ ба ҳар гунае мавҷуд будани реҷаи маҳдуди истифода ё худ лимити онро инкор мекарданд.

Намояндагони бахши энергетикаи кишвар таъкид мекунанд, ки чунин вазъи душвори вобаста ба камбуди об барои истеҳсоли барқ тайи 10 соли ахир ба мушоҳида нарасидааст.

Реҷаи маҳдуд ё худ лимити интиқоли барқ ба деҳот, ки дар он 70%-и аҳолии кишвар зиндагӣ мекунад, аввали мавсими тирамоҳу зимистони гузашта - аз 20 сентябри соли гузашта оғоз шуд.

То батамом душвор шудани вазъият, охири зимистон аҳолӣ субҳ 3 соат ва шомгоҳон - 5-6 соат барқ мегирифтанд.

Охири моҳи феврал вазъият дар минтақаҳо боз душвортар шуда, баъзан истеъмолгарон шабонарӯзӣ бе барқ мемонданд. Илова бар ин, акнун интиқоли барқ ба сокинони шаҳрҳо, аз ҷумла пойтахт низ маҳдуд мешуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.