Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ давоми моҳҳои январ-марти соли 2024 каме бештар аз 3 млрд 530 млн сомониро ташкил дод.

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 6,7% зиёд аст. Ҳаҷми маҳсулоти растанипарварӣ 112,4 млн ва чорводорӣ - 3 млрд 418,5 млн сомониро ташкил додааст.

Ба иттилои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, соли 2024 дар 440 ҳазору 727 гектар заминҳо кишти баҳорӣ гузаронида шуда, ба ҳолати 29 апрел он дар ҳудуди 80%-и заминҳо иҷро шудааст.

Аз ҷумла кишти пахта зиёда аз 164 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки ба беш аз 88,4%-и нақша (186 ҳазор гектар) баробар аст. Дар ин давра картошка дар 18 ҳазору 187 гектар шинонида шудааст, ки ба 45,4%-и нақша (каме бештар аз 40 ҳазор гектар) баробар аст.

Кишоварзони Тоҷикистон имрӯз ба кишти зироатҳои равғандеҳ, сабзавот, полизӣ ва хӯроки чорво машғул буда, нишондиҳандаҳои бисёре аз онҳо 50% ва зиёда аз онро ташкил медиҳад.

Имсол дар Тоҷикистон парвариши зиёда аз 1,7 млн тонна ғалладонагиҳо, аз ҷумла 998 ҳазор тонна гандум, 432 ҳазор тонна пахта, 1,1 млн тонна картошка, 2,7 млн тонна дигар сабзавот, аз қабили 752 ҳазор тонна пиёз ва 874 ҳазор тонна зироати полизӣ ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми истеҳсоли аксари онҳо аз талаботи ҷумҳурӣ зиёд буда, ба содирот фиристода мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.