Дар бахши сармоягузории соҳаи энергетика аз соли 2001 то инҷониб 36 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби 2,7 млрд доллар амалӣ шудааст. Онҳо ба бунёди иқтидори нави энергетикӣ, сохтмон ва барқарорсозии дигар иншооти барқӣ равона шуданд. Имрӯзҳо боз амалишавии 18 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби 1,5 млрд доллар идома дорад.
Дар ин бора зимни конфронси минтақавӣ таҳти унвони «Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда дар Тоҷикистон», ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа хабар дод.
Таворе ки хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад, гуфта шуд, ки тибқи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», баланд бардоштани иқтидори тавлиди неруи барқ ба 10 ГВт, зиёд намудани ҳаҷми содироти неруи барқ ба 10 миллиард кВт соат, паст намудани талафоти неруи барқ то 10 фоиз, таъмини 10 фоизи иқтидорҳои мавҷуд буда, аз дигар сарчашмаҳо офтоб, шамол ва ғайра пешбинӣ гардидааст.
Таъкид гардид, ки бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои калидии соҳа, то соли 2030 татбиқи як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки аҳамияти маҳаллию минтақавидошта, аз ҷумла, лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия офтоб ва шамол бо иқтидори на кам аз 1500 МВт дар назар гирифта шудааст.
Вазири энергетика ва захираҳои об таъкид кард, ки ҳамасола дар мамлакат тахминан 98 фоизи неруи барқи истеҳсол гардида, ба неругоҳҳои барқи обӣ рост меояд.
Дар баробари паҳлӯҳои мусбии экологию молиявӣ доштани ин нишондиҳанда, ин вобастагиро аз ҳаҷми резиши об дар дарёҳои мамлакат ва вазъи обу ҳаво дар шароити тағйирёбии иқлим, ба таври назаррас зиёд менамояд.
Дар робита ба ин ва бо мақсади иҷрои яке аз нишондиҳандаҳои калидии бахши энергетикаи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», яъне диверсификатсиякунонии иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ аз дигар манбаъҳо, имрӯзҳо ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати бунёд намудани неругоҳҳои барқи офтобӣ идома дорад.
Ҳадафи конфронс мусоидат ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сарфаи энергия ва самаранокии энергия, инчунин муайян кардани механизми савдои фаромарзии барқ мебошад. Инчунин конфронс ба омӯзиши амиқи таҷрибаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар арзёбии захираҳои офтобӣ ва шамолӣ мусоидат намуда, давлатҳоро барои рушди иқтидори худ дар истеҳсол ва истифодаи энергияи барқароршаванда ташвиқ хоҳад кард.
Чорабинӣ имкон фароҳам меорад, ки мубодилаи таҷрибаи илмӣ ва тавсияҳо оид ба фаъолсозӣ ва таҳкими талошҳо барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва вазифаҳои энергетикӣ пешниҳод карда шавад.
“Вақте одамонро даруни бинои оташгирифта дидам, натавонистам бетараф бошам”
Пулиси Хатлон сабаби латукӯби модару духтар аз сӯи бародарони шавҳари занро шарҳ дод
Боздошти як ҷавони 28-сола бо гумони фиреби сокинон бо ваъдаи фиристодан ба Амрико
Шиносномаи Тоҷикистон дар сафи заифтаринҳо дар ҷаҳон қарор гирифт (НАВШУДА)
“Як рӯз пеш аз маргаш куштанд”. Поягузори нашрияи парлумонӣ ва рӯзноманигори шаҳир Муродулло Шерализода 80-сола шуд
“Онҳоро ба талбандагӣ маҷбур мекард”. Ду кӯдакро аз модарашон гирифта, ба мактаб-интернат супоридаанд
Гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” аз лиҳози равонӣ солим эътироф шудаанд
Давраи дуввуми музокираи Эрон ва Амрико рӯзи шанбе мегузарад. Дар музокираи аввал тарафҳо чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Паёмади 5 заминларза дар минтақаи Рашт: 160 хонаи истиқоматӣ ва се мактаб зарар дидааст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста