Дар шаҳри Хуҷанд 40 зани ҳунарманд соҳиби гранти раиси шаҳр гардиданд. Маблағи умумии грант 165 ҳазор сомонӣ буда, онро 22-уми сентябр Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори Хуҷанд ба ғолибони озмун тақдим кард. Дар ин бора Зайнурахон Шарифова, сармутахассиси шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати Хуҷанд ба “Азия-плюс” хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, роҳандозии озмуни грантӣ соли чорум аст тибқи қарори раиси шаҳр ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосиаш рушди ҳунармандӣ миёни занон ва дастгирии онҳо мебошад.
Ба иттилои Зайнурахон Шарипова "озмуни грантӣ ба занҳои ҳунарманд ва эҷодкори шаҳри Хуҷанд, ки лоиҳаҳои таҳиянамудаи онҳо ба ҳалли масоили занон ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи корӣ тавассути рушди фаъолияти соҳибкориву ҳунармандӣ, аз ҷумла бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ, истеҳсолӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумию дастӣ мусоидат менамояд", пешбинӣ шудааст.
Ба 40 зани ҳунарманд аз 3 ҳазор то 8 ҳазор сомонӣ грант тақдим гардид:
- 5 грант дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ;
- 10 грант дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ;
- 25 грант дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ.

Гуфта мешавад, ки ғолибони озмуни грантии раиси шаҳри Хуҷанд танҳо баъди хулосаи коммисияи озмун, ки ба таври пушида гузашт, маълум гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки барои дастгирии занону духтароне, ки ба соҳибкорӣ машғуланд, дар сатҳи президент ва раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ озмунҳои грантӣ баргузор мешавад, ки ҳамасола садҳо нафар онро соҳиб мегарданд.
Аз ҷумла, моҳи феврали соли равон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои дарёфти гранти президентӣ барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ озмун эълон карда буд, ки он аз 20 грант ибора буда, ҳар яке 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт
Медали биринҷии қаиқронони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин
Эмомалӣ Раҳмон Попи нави Рум ва садри аъзами Олмонро табрик кард
Шашмақом моли кист? Чаро "Википедия" онро моли яҳудиён медонад ва ҳақиқати таърих чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста