Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия аз моҳи январ то сентябри соли ҷорӣ тақрибан беш аз 30% афзуд. Дар ин бора муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Нигина Анварӣ ба нашрияи «Известия» хабар додааст.

«Ҳиссаи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми умумии тавозуни савдои хориҷӣ байни ду кишвар беш аз 70%-ро ташкил медиҳад. Ба ин тариқ, дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия беш аз 30% зиёд шуд. Ҳамзамон воридот аз Русия ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 38% афзудааст», - гуфт ӯ.

Аз ҷумла, интиқоли нахи пахта аз Тоҷикистон ба Русия 62%, сабзавоту мева - 47%, хушкмева - 60% ва зардолуи хушк - 2 баробар зиёд шудааст.

Нигина Анварӣ зикр кардааст, ки Тоҷикистон ба афзоиши содирот манфиатдор буда, ба пешниҳоди маҳсулоти гуногун омода аст ва даъват намудааст, ки ҳамкорӣ дар ин самт фаъолтар шавад.

«Мо пешниҳод мекунем, ки як корхонаи муштарак таъсис дода шавад, то занҷираҳои мураккаби истеҳсоливу логистикии содироти маҳсулоти кишоварзӣ натанҳо ба Русия, балки ба бисёр кишварҳои дигар низ мунтазам сурат гирифта, истеҳсолкунандагони худӣ бо долонҳои содироти маҳсулот мувофиқи меъёрҳои байнулмилалӣ ва бо хароҷоти камтар таъмин шаванд», - иброз доштааст муовини вазир.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон дар масъалаи дастрасӣ ба тухмии хушсифат, ниҳолҳо ва маводи кишт ба мушкилӣ дучор аст. Ба ҳалли ин мушкилот, аз ҷумла Русия бо интиқоли тухмии хушсифат кумак мекунад.

Ҳамкориҳо бештар густариш меёбанд

Дар нашрия зикр мешавад, ки дар ҳафтаҳои охир робитаҳои дуҷониба байни Русия ва Тоҷикистон бештар густариш ёфтанд. Танҳо аз охири моҳи сентябр додситони кулли Русия Игор Краснов ва муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин аз Душанбе боздид карданд.

Чанде пеш президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин ба Маскав ташриф оварда, дар ҷаласаҳои Шӯроҳои сарони давлатҳо ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ иштирок карданд. Дар аввали моҳи октябр ҳайати Шӯрои Федератсия таҳти роҳбарии Валентина Матвиенко бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард.

Раиси Шӯрои Федератсия изҳор намуд, ки ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар шумори афзалиятҳои сиёсати хориҷӣ ва фаъолияти байнипарлумонии Русия қарор дорад. Русия ҳамоно бузургтарин шарики тиҷоратии ҷумҳурӣ боқӣ мемонад.

Ҳаҷми савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар 8 моҳи соли 2024 ба зиёда аз 1,2 млрд доллар расида, ин нишондиҳагнда 14,3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.