Ҳукумати Русия квотаҳо ба иҷозаи зисти хориҷиёнро дар Русия барои соли 2025 ба миқдори 5,5 ҳазор адад тасдиқ кард. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба фармоиши дахлдор дар ин бора иттилоъ медиҳад.
Дар муқоиса бо соли 2024, ки шумори квотаҳо ба 10,6 ҳазор адад баробар буд, акнун Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) қариб 2 баробар кам шуд. Ҳамаи иҷозаҳо ба минтақаҳо мувофиқи дархости онҳо тақсим карда мешаванд.
Шумори бештари квотаҳо маъмулан ба шаҳри Маскав ва вилояти Маскав рост меояд: соли 2025 ба ин минтақаҳо мутаносибан 1 ҳазор ва 350 адад квота (соли 2024 - 1,5 ҳазор ва 750 адад) ҷудо шудааст.
Квотаҳо барои Санкт-Петербург аз 300 то 200 иҷоза кам шудааст. Тотористону Бошқирдистон, ки соли газашта ҳар кадоме 250 квота доштанд, имсол 100-квотагӣ мегиранд.
Тайи 5 соли ахир шумори квотаҳо сол то сол кам мешавад. Ба ин тариқ, соли 2021 ҳукумат зиёда аз 39 ҳазор, соли 2022 - ҳудуди 19 ҳазор ва соли 2023 - 13,5 ҳазор квоттаи иҷозаи зисти муваққатӣ ҷудо карда буд.
Тавре ки дар маводи марбут ба ин масъала зикр мешавад, минтақаҳо қисмати ками квотаҳои муқарраршударо истифода мекунанд - дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ тибқи маълумоти ВКД Русия, ҳамагӣ 20,4%-и миқдори муқарраршуда истифода шудааст.
Квотаи Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) бар асоси пешниҳод аз субъектҳои Русия, ки аз рӯи натиҷаҳои таҳлили вазъи муҳоҷират ва вазъи иқтисод дар ҳар кадоме аз минтқаҳо таҳия мешаванд, муайян карда мешавад. Аз ҷониби ҳукумат иловагӣ квотаҳои эҳтиётӣ муайян карда мешаванд, ки онҳо низ миёни субъектҳои Русия тақсим мешавад. Соли 2025 шумори онҳо 1650 квотаро ташкил медиҳад (дар соли 2024 - 3178 адад).