Платформаи таҳлиливу молиявии "HelloSafe"-и Канада бори нахуст Радабанди (индекс)-и шукуфоии кишварҳои ҷаҳон (HelloSafe Prosperity – 2024)-ро пешниҳод кард, ки дар он Тоҷикистон байни 186 давлат бо 30,93 балл зинаи 104-умро касб кард.

Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо Қирғизистон (29,36 балл, зинаи 114-ум) дар мақоми пасттар аз Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Дар зинаҳои нисбатан баландтар дар минтақа Қазоқистон (47,36 балл, зинаи 49-ум), Ӯзбекистон (35,33 балл, зинаи 86-ум) ва Туркманистон (31,03 балл, зинаи 13-юм) ҷойгир шуда, Русия бо 46,69 балл дар мақоми 50-ум қарор дорад.

Шарҳи баллҳо:

- то 30: кишварҳо бо сатҳи хеле пасти некӯаҳволӣ;

- аз 30 то 40: кишварҳо бо сатҳи пасти некӯаҳволӣ;

- аз 40 то 50: кишварҳо бо сатҳи миёнаи некӯаҳволӣ;

- аз 50 то 60 : кишварҳо бо сатҳи баланди некӯаҳволӣ;

- зиёда аз 60: кишварҳо бо сатҳи хеле баланди некӯаҳволӣ.

Ба 20-гонаи шукуфотарин кишварҳо асосан давлатҳои Аврупо шомиланд: пешсаф Люксембург (86,2 балл)) буда, дар идома Норвегия (85,12) ва Ирландия қарор гирифтаанд, ки иқтидори иқтисодии онҳоро дар ҳамбастагӣ бо нишондиҳандаҳои баланди рушди имконоти инсон ва баробарии даромадҳо нишон медиҳад.

Дар панҷгонаи аввал Қатар ва Сингапур ҳамчун ягона давлатҳои ғайриаврупоӣ қарор доранд. Ин “аз иқтисод ва инфрасохтори дар ҳоли рушд қарордошта”- ин давлатҳо гувоҳӣ медиҳад.

ИМА ва Канада ҷойҳои 18 ва 19-умро касб карда, Фаронса бо нишондоди 60,4 балл дар мавқеи 20-ум қарор дорад. Ин аз «нишондиҳандаи сатҳи баланди некӯаҳволӣ шаҳодат медиҳад, ҳарчанд он нисбат ба кишварҳои Шимоли Аврупо ва баъзе иқтисодҳои дар ҷаораёни рушд қарордоштаи Осиё камтар аст».

Мадагаскар (зинаи 184-ум), Ҷумҳурии Африқои Марказӣ (185-ум) ва Мозамбик (186-ум) дар зинаҳои охири радабандӣ ҷойгир шудаанд.

Шохиси шукуфоии HelloSafe ба 6 нишондиҳандаи калидӣ асос ёфтааст: Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ, маҷмӯи даромади миллӣ ба ҳар сари аҳолӣ, нишондиҳандаи маҷмӯи амонатҳои миллӣ, шохиси рушди инсон, нишондиҳандаи омории сатҳи ба қишрҳо ҷудо шудани ҷомеа ва сатҳи камбизоатӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.