Таҷлили шаби Ялдо дар Тоҷикистон оммавӣ нест ва онро танҳо доираҳои хурди фарҳангӣ бо дӯстону пайвандонашон ҷашн мегиранд. Дар ин гузориш аз таҷлили шаби Ялдо дар деҳаи Тангаии Ромит, дар канори Душанбе тамошо кунед.
Ҷашни шаби Ялдо дар ин мавзеъ бо ҳузури сокинони маҳаллӣ ва ҳунармандону фарҳангиёни тоҷику эронӣ баргузор гардид.
Барпокунандаи ин ҷашн дар ин мавзеъ Шаҳоб Фаррухёр, эронии муқими Тоҷикистон аст, ки ҳамасола шаби Ялдоро бо мардуми ин маҳал таҷлил мекунад.
Суфраи ин шабро аз як силсила ашё ва ғизоҳои рамзӣ ороста буданд. Дар рӯи хон асосан меваҳои сурхранг, чун тарбуз, анор, хурмо, лаблабу, гузошта, оташ афрухта буданд, ки рамзӣ гармӣ ва рушноиву нур аст.
Вижагиҳои шаби Ялдо ба ҳозирин тавзеҳ дода шуда, дар идома суруду оҳангҳои ҷашнӣ иҷро шуданд. Шаби ялдо бо фоли Ҳофиз, ки дар тамоми ҷашнҳои бостонӣ иҷро мешавад, ба итмом расид.
Ба гуфтаи Шаҳоб Фаррухёр, вақте Тоҷикистон омад, мушоҳида кард, ки ин ҷашн аз хотирҳо хеле фаромӯш шуда. Тасмим гирифт ақалан дар маҳалли зисти худ ин ҷашнро эҳё кунад
Бояд гуфт, соли 2022 Ялдо бо ташаббуси Эрон ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии UNESCO ворид карда шуд.
Шаби Ялдо дарозтарин шаби аввали моҳи Дай, ҷашни қадимии мардумони ориёист, ки ба муносибати зодрӯзи эзади Меҳр ё Митра баргузор мешуд. Ин ба 22-юми декабр рост меояд. Аз ҳамин вақт сар карда, рӯзҳо дарозтару тобиши офтоб бештар ва шабҳо кутоҳтар мегардад.
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Размикори ММА аз Тоҷикистон Артур Одилбеков дар ҷанги Русия дар Украина кушта шуд
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста