Пулиси Хатлон се нафар нашъаҷалобро дар Душанбе боздошт ва аз онҳо беш аз 25 кг маводи мухаддир мусодира кардааст. Дар ин бора бо нашри гузориш Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар дод.
Дар хабари ин ниҳод гуфта мешавад, яке аз се нафар боздоштшудаҳо, ки аз ӯ саркардаи гурӯҳ ва Кадиров Маҳмадалӣ ном бурдаанд, бо гурӯҳҳои нашъҷалоби Афғонистон робита дошта, маводи мухадирро аз он ҷо дастрас кардааст.
Аммо мушаххас гуфта нашудааст, ки чӣ гуна ва аз кадом роҳ аз Афғонистон ба Тоҷикистон маводи мухаддир ворид шудааст.
Гумон аст, ки маводи мухаддир ба воситаи вилояти Хатлон ба Тоҷикистон ворид шудааст ва аз ин рӯ пулиси Хатлон гумонбаронро дар Душанбе боздошт кардаанд.
Мақомот гуфтаанд, боздоштшудаҳо иқрор шуданд, ки воситаҳои нашъадорро мехостаанд ба вилояти Суғд бурда, дар он ҷо ба фурӯш бароранд.
Аммо худи гумонбарон дар навори нашршуда дар ин робита иқрор накардаанд.
Гуфта мешавад, аз онҳо 22 килову 645 грам ҳашиш ва 2 килову 900 грам афюн дарёфт шудааст.
РВКД дар Хатлон мегӯяд, Кадиров Маҳмадалӣ писари ноболиғи худро ҳам ба ин кор ҳамроҳ кардааст. Ҳамдасти дигари онҳо Раҳмонбердиев Эгамбердӣ, сокини шаҳри Истаравшан будааст.
Пулис бар зидди онҳо бо гумони муомилаи ғайриқонунии маводи мухаддир (моддаи 200-и Кодекси ҷиноятӣ) парванда боз кардааст. Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ вобаста ба бандҳояш аз 5 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол, назари боздоштшудаҳо ва наздикону пайвандонашон ба ин қазия дастрас нест.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш мақомот дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ду узви гурӯҳи фаромиллии нашъаҷаллобонро боздошт карда буданд. Гуфта мешуд, зимни боздошт аз онҳо 50 кило маводи нашъаовари навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.
Бино ба маълумоти Агентии назорати маводи наъаовари ҷусмҳурӣ, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 3 тоннаву 96 килою 61 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 619 кило ё худ 25% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.
Қисми зиёди ин мавод - беш аз 1,38 тонна ба вилояти Хатлон рост меояд. Маводи муххадир ба Тоҷикистон бештар аз Афғонистон интиқол дода мешавад.
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста