Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ дастур дод, ки тарифҳои барқ барои корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ - ҶСК “Азот” паст карда шавад.

Дар санади нашршуда дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ супориш дода мешавад, ки тариф барои ин ширкат аз 46,40 дирам барои 1 киловатт-соат то ба 30,75 дирам поин бурда шавад.

Ба ин тариқ, арзиши неруи барқ барои ширкати “Азот” то сатҳи истеъмолгарони категорияи дуюм, ки ба он истеъмолгарони соҳаи буҷет, бахши коммуналӣ, маҷмааҳои варзишӣ, нақбҳои хидматрасонии нақлиётӣ ва нақлиёти барқӣ дохил мешаванд, поин бурда шудааст.

Барои аҳолӣ низ чунин тариф муқаррар карда шудааст.

Ба сурати умум, истеъмолгарони неруи барқ дар Тоҷикистон ба 9 категория бо тарифҳои гуногун ҷудо карда шудаанд:

- барои истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ – 70,35 дирам;

- барои истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, соҳаҳои коммуналӣ, маҷмааҳои варзишӣ, нақбҳои хидматрасонии нақлиёт ва нақлиёти барқӣ  – 30,75 дирам;

- барои пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати ҶТ аз 1 апрел то 30 сентябр – 10,67дирам, аз 1 октябр то 31 март – 30,75 дирам;

- барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ - 10,67 дирам;

- барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва канализатсия (обу корез) – 14,62 дирам;

- барои “Комбинати металлургии Тоҷикистон” аз 1 май то 30 сентябр – 12,34 дирам, аз 1 октябр то 30 апрел – 70,35 дирам;

- барои ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” - 18,06 дирам;

- барои муассисаҳои таълимӣ, гимназияҳои шахсӣ ва литсейҳое, ки ба системаи ягонаи маорифи ҶТ шомиланд ва ба маблағгузории буҷетӣ мансуб намебошанд - 52,79 дирам;

- барои истеъмолгарони маишӣ (аҳолӣ) - 30,75 дирам.

Қаблан моҳи майи соли равон ҶСК “Азот” эълон кард, ки нархи карбамид то 3,6 сомонӣ барои 1 кило поин рафт. Қаблан он 7 сомонӣ нарх дошт.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли гузашта дар корхонаи “Азот” зиёда аз 36 ҳазор тонна нуриҳои азотӣ ва дар корхонаи кимиёвии “Ёвон” - 1,1 ҳазор тонна нуриҳои фосфорӣ истеҳсол шудааст.

Зикр шуда буд, ки барои пурра таъмин сохтни кишвар  бо ин маҳсулот ба Тоҷикистон ҳудуди 600 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ зарур аст.

Соли 2023 Тоҷикистон ба маблағи 63 млн доллар 175,5 ҳазор тонна ва соли 2022 - ба маблағи 80 млн доллар 199,2 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ харид.

Дар сурати пурра коршоям будани хатҳои технологии корхонаи “Азот” ҳамасола истеҳсоли 123,6 ҳазор тонна аммиак ва 180 ҳазор тонна карбамид имкон дорад. Дар корхонаи “Талко Кемикал” дар Ёвон ҳамасола истеҳсоли то 75 ҳазор тонна маҳсулот ва ба ин васила ноил гардидан ба қатъи воридоти нуриҳои фосфорӣ пешбинӣ шудааст.

Сурат: Asia-Plus

ҶДММ “Азот” (собиқ Корхонаи нуриҳои азотии Вахш) яке аз корхонаҳои бузурги Тоҷикистон мебошад, ки моҳи апрели соли гузашта пас аз солҳои тӯлонӣ аз фаъолият бозмондан, кори худро барқарор кард.

Корхона дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ҷойгир аст.

Корхона соли 2009 аз фаъолият бозмонда буд. Бар асари солҳои зиёд аз фаъолият бозмондан, қисми зиёди таҷҳизоти технологӣ аз кор баромад.

Соли 2021 масъулияти барқарор намудан ва таъмиру навсозии корхонаро ширкати “Осиё кемикал” ба дӯш гирифт.

Маблаггузории аввалияи хароҷоти сармоягузорӣ 200 млн сомонӣ арзёбӣ шуда буд. Дар амал бошад, зиёда аз 400 млн сомонӣ сармоягузорӣ сурат гирифт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.