Тоҷикистон аз хидматрасонӣ ба кортҳои UnionPay, ки аз ҷониби “Газпромбанк” нашр шудаанд, даст кашид. Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, аз ҷумла додани пули нақд тариқи онҳо дар банкоматҳо қатъ шудааст.
Мушкили хидматрасонӣ ба кортҳои UnionPay-и “Газпромбанк” рӯзи 24 ноябр оғоз ва 25 ноябр идома ёфтанд. Аз ҷумла, дар банкоматҳои Бонки байнулмилалии Тоҷикистон дар экран хабари “Ба корт хидматрасонӣ анҷом дода намешавад. Нисбати корт маҳдудият ҷорӣ шудааст” (Карта не обслуживается. На карту установлены ограничения) пайдо мешавад.
Ба иттилои хабарнигорони ТАСС, дар ҳолати кӯшиши гирифтани пул дар банкоматҳои кишвар, дар бораи хатогии техникӣ ё хидматрасонӣ нашудани корт аз ҷониби ин бонк огоҳӣ дода мешавад. Дар баъзе банкоматҳо огоҳӣ дода мешавад, ки бонк барои амалиёт бо ин корт иҷоза намедиҳад.
Қаблан бонкҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон хидматрасониро ба кортҳои низоми пардохти UnionPay, ки аз ҷониби “Газпромбанк” нашр мешаванд, қатъ карданд.
Ба ҷуз ин кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз қабули кортҳои “Газпромбанк дар Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Маҷористон (Венгрия), Таиланд, Ҳиндустон, Қатар, Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Тунис, Миср, Аргентина, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Чин, Муғулистон ва Марокаш даст кашиданд.
Вазорати молияи ИМА рӯзи 21 ноябр дар бораи қабули бастаи нави таҳримҳои зидди Русия хабар дод, ки ба онҳо даҳҳо шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, аз ҷумла “Газпромбанк”, ки қаблан таҳримҳо нисбати он амал намекарданд, дохил шуданд.
Ташкилоти қарзӣ муштариёнашро аз мушкилот дар кори кортҳои UnionPay огоҳ карда, тавсия дод, ки дар фурсати наздиктарин пулҳои нақдро бигиранд. Дар сомонаи “Газпромбанк” рӯзи 22 ноябр корти UnionPay аз рӯйхати кортҳои дастрас барои гирифтан нопадид шуд. Дар ҳамин ҳол, бонк ба муштариёнаш итминон дод, ки кортҳои бонкии қаблан додашуда, аз ҷумла тариқи низомҳои хориҷии пардохт, ба корашон дар тамоми қаламрави Русия идома медиҳанд.
Дар семоҳаи аввали сол ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон кам шуд
Дар Тоҷикистон 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Як духтари 10-сола дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Наздиконаш барои дарёфти ӯ мадад мепурсанд
Муборизаи 128 варзишгар барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе
“Парасту-2025”. Намоишномаҳои “Ахтаре дар Хатлонзамин” ва “Келини ҷойдорӣ” ба бинанда чӣ паём доштанд?
"Толибон" дар Русия дигар созмони террористӣ нест. Додгоҳ ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонҳои мамнуъ берун кард
Муҳоҷирон аз ҳисоби супоридани имтиҳон ба буҷаи Русия 2,5 млрд рубл фоида овардаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 1
Омӯзгорону табибон аз ҳуқуқи имтиёзноки дарёфти иҷозаи зист дар Русия маҳрум шуданд
Хонаҳои вайроншуда то 1 ноябр сохта шаванд. Ҷаласаи ғайринавбатии ҳукумат дар робита ба заминҷунбӣ дар Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста