Тоҷикистон ҳамасола барои воридоти ҷуворимакка 15-20 млн доллар сарф мекунад. Барои пурра таъмин намудани талаботи худ ба ҷуворимакка, кишвар бо камбуди заминҳои ҳосилхез, тухмиҳои босифат, технологияҳои нав ва дастгирии истеҳсолкунандагон рӯ ба рӯ аст.

Дар давраи аз моҳи сентябри соли 2023 то августи соли 2024 Тоҷикистон аз Қазоқистон ба маблағи 13,2 млн доллар ҷуворимакка харидааст.

Бо ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар содироти ҷуворимакка аз Қазоқистон дар ҷойи аввал қарор дорад. Дар қатори дигар харидорон Ӯзбекистон (7,7 млн доллар), Чин (6,4 млн), Эрон (5,1 млн доллар) ва Русия (4,3 млн доллар) зикр мешаванд.

Барои муқоиса: дар мавсими 2022/23 содироти ҷуворимакка ба Қазоқистон 23,3 млн доллар даромад оварда буд ва харидорони асосӣ он замон Ӯзбекистон (11,8 млн доллар) ва Тоҷикистон (10,8 млн доллар) буданд.

Чаро дар Тоҷикистон ҷуворимаккаи худӣ кофӣ нест?

Тоҷикистон ҳамасола миқдори зиёди ҷуворимакка ворид мекунад, ки қисми асосии хароҷот ба донҳои маъмулӣ барои ғизодиҳии чорво ва истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ рост меояд.

Барои пурра таъмин намудани талабот ба ҷуворимакка дар кишвар якчанд омилҳо монеа мешаванд. Масалан, камбуди заминҳои кишт. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, барои парвариши ҷуворимакка ҳамагӣ тақрибан 20 ҳазору 481 гектар ҷудо шудааст, ки ин барои қонеъ кардани талаботи дохилӣ кофӣ нест.

Сарфи назар аз шароити мусоиди иқлимӣ, ҳосилнокии ҷуворимакка дар Тоҷикистон аз 6 то 15 тонна аз як гектарро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба иқтидори воқеии навъҳо ва гибридҳои минтақавӣ хеле паст мебошанд.

Бисёре аз  фермерон тухмиҳои воридотӣ ва усулҳои пешинаро истифода мебаранд, ки барои ба ҳосилнокии ниҳоӣ расидан имкон намедиҳад.

Имконоти парвариши ҷуворимакка дар Тоҷикистон

Ҷуворимакка дар бахши кишоварзии Тоҷикистон мавқеи муҳим дошта, натанҳо амнияти озуқавориро таъмин мекунад, балки манбаи арзишманди хӯрока барои чорво низ мебошад. Лекин барои баланд бардоштани ҳосилнокии он, муносибати доимии иборат аз истифодаи навъҳо ва технологияҳои пешрафта зарур аст.

Тибқи таҳқиқоти селексионерон дар водии Ҳисор, навъҳои ҷуворимаккаи воридотӣ аз Португалия, Сурия, ИМА ва Испания натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд. Масалан, навъҳои суриягии КК 1036 ва 1038 бо ҳосилнокии устувори 290–305 грамм аз як растанӣ дар тӯли се сол фарқ мекунанд.

Ин навъҳо дорои мутобиқат ва устувории баланди генетикӣ ба шароити маҳаллӣ мебошанд, ки онҳоро барои такмили селексионӣ арзишманд мегардонанд.

Сурат аз торнамои klau.club

Дар таҳқиқоти олим Алишер Холматов зикр шудааст, ки корҳои селексионӣ, ки дар сатҳи маҳаллӣ гузаронида шудаанд, имкон доданд навъҳое ба мисли "Аскар" ва "Зоҳир" ба миён оянд, ки ҳосилнокияшон нисбат ба навъҳои маъмулӣ 6,5-8 сентнер ба як гектар зиёд аст. Ин навъҳо бо пешпазӣ, вазни зиёди дон (то 280 грамм ба 1000 дона) ва тобоварӣ ба шароити номусоид фарқ мекунанд.

Олимони селексионери Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокии ҷуворимакка ва таъмини рушди устувори кишоварзӣ истифодаи гуногунии генетикии ҷуворӣ васеъ карда шавад.

Истифодаи обёрии қатрагӣ ва ба сатҳи беҳтарин расонидани зичии кишт (то 65 ҳазор растанӣ ба як гектар) метавонанд ҳосилнокиро ба таври назаррас зиёд кунанд.

Таҳияи гибридҳои нав, ба монанди омезиши навъҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ, метавонад афзоиши ҳосилро то 15 сентнер ба як гектар таъмин намояд.

Омили дигари муҳим - ҳавасмандии иқтисодии деҳқонон ва таъмини дастрасии бештар ба қарзҳо ва кумакпулиҳо барои хариди тухмии босифат ва нуриҳои минералӣ аст.

Чаро Тоҷикистон ба ҷуворӣ эҳтиёҷ дорад?

Ҷуворӣ яке аз зироатҳои муҳим барои бахши кишоварзии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба туфайли ҳосилнокии баланд, тобоварӣ ба шароити иқлимӣ ва як қатор бартариҳои иқтисодӣ, ин зироат дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди бахши кишоварзии кишвар нақши муҳим мебозад.

Ҷуворӣ манбаи муҳими хӯроки чорво аст. Мавод (баргу тана)-и сабзи ҷуворӣ дар чорводорӣ истифода шуда, деҳқононро бо хӯроки дастрас ва серғизо таъмин мекунад.

Истеҳсоли ҷуворӣ дар дохил ба кишвар имкон медиҳад, ки воридоти озуқавориро кам намуда, бозори дохилиро бо маҳсулоти маҳаллӣ таъмин намояд.

Ҷуворӣ ба шароити номусоиди обуҳаво тобоварӣ нишон медиҳад, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ин омил махсусан муҳим аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.