Қурби расмии рубли Русия нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон - сомонӣ тайи ҳафтаи ахир 4,7% поин рафт. Дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 1000 рубл бо 100 сомонӣ иваз мешавад. Ин тағйирот ба вазъи иқтисодии оилаҳои тоҷик, ки даромади асосиашон аз ҳисоби муҳоҷирон аст, чӣ таъсир мерасонад? Аз сокинон пурсидем.
Аксарият мегӯянд, ки пастшавии қурб аллакай ба вазъи иқтисодии оилаи онҳо таъсир расонидааст. Ба қавли сокинон, ин таъсиротро аллакай дар бозору мағозаҳои Тоҷикистон низ ҳис кардан мумкин аст.
“Агар пештар 10 ҳазор рубл 1200 сомонӣ бошад, имрӯз он аллакай ҳазор сомонӣ шудааст. Пештар ба ин 200 сомонӣ ҳадди ақал орду равған мехаридем” - гуфт як сокини Душанбе.
Муфассал дар навор тамошо кунед:
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2025
Кор дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина барои муҳоҷирон чӣ хатар ва паёмад дорад?
Панҷ мусофири як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд
Даргузашти Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохта
Дар Тоҷикистон аввалин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик ба фаъолият оғоз кард
Роҳбари нави БДА кист ва ӯ бояд кадом мушкилиҳои мубрами ин сохторро ҳал кунад?
Сарраёсати маорифи Душанбе бори дигар аз манъи ҷамъоварии пул барои таъмири мактабу кӯдакистонҳо таъкид кард
Парлумони Тоҷикистон Шартнома оид ба сарҳад миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро тасвиб кард
Ҷасади 6 муҳоҷири тоҷикро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карданд
Ситораҳои футболи Тоҷикистон аз ситораҳои футболи Русия шикаст хӯрданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста