Сатҳи таваррум дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ 3,4%-ро ташкил дод. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Аз ҷумла дар ин давра маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 2,7%, маҳсулоти ғайриозуқа - 3,9% ва хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ - 4,7% қимат шуданд.
Сатҳи пасти тавррумро мақомот ба поинравии нархи мева (-10.8%), орд (-7,9%), шакар (-6.7%), сабзавот (- 4%) ва баъзе маҳсҳулоти дигар (ба андозаҳои нисбатан камтар) нисбат медиҳанд.
Мутахассисони соҳаи омори Тоҷикистон се сол пайдарпай дар бораи сатҳи рекордии пасти таваррум ҳисобот медиҳанд. Тибқи маълумоти Агентии омор, соли 2022 нарху тарифҳо ба андозаи 4,2% ва соли 2023 - ҳамагӣ 3,8% боло рафтанд. Сатҳи пасттарини тавррруми давоми солҳои соҳибистиқлолӣ танҳо дар соли 2013 ба қайд гирифта шуд, ки 3,7%-ро ташкил медод.
Дар ҳамин ҳол, дар кишварҳои шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон болоравии зиёди нархҳои истеъмолӣ ба мушоҳида мерасад. Бино ба маълумоти расмӣ, сатҳи таваррум дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар Русия зиёда аз 9%, Қазоқистон - 8,4% ва Ӯзбекистон - 8,7%-ро ташкил медиҳад.
Агар начандон бо суръати баланд болоравии нарху тарифҳо то охири сол ҳамин хел идома ёбад, сатҳи таваррум аз рӯи натиҷаҳои сол дар сатҳи 3,7% хоҳад буд.
Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мешавад, мисли чанд соли охир дар ҳудуди 6,0% (±2 банди фоизӣ) боқӣ мемонад.
Бонки миллии Тоҷикистон тариқи тағйири меъёри бозтамвил ва/ё ҳаҷми пул дар гардиш метавонад ба таври муайян ба нархгузорӣ таъсир расонад. Боло бурдани меъёри бозтамвил ва кам кардани пул дар гардиш, ба сустшавии таваррум ва баръакс боис мегарданд. Бонкҳои марказии кишварҳои дорои иқтисоди бозаргонӣ дар сатҳи 5-6% (таварруми паст ё хазанда) нигоҳ доштани таваррумро афзал медонанд. Ин сатҳро иқтисодчииён беҳтарин (идеалӣ) барои рушди минбаъдаи кишвар мешуморанд, зеро коҳиши таваррум ё худ дефлятсия (поинравии нархҳо) нисбат ба болоравии баланди нархҳо хавфноктар аст.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста