Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Агентии авиатсияи гражданӣ (Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандӣ) дар нишасти матбуотӣ гуфт, шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз фурудгоҳҳои Русия ихроҷ мешаванд, дар муқоиса ба рӯзҳои баъди ҳодисаи “Крокус” дар чанд моҳҳои охир коҳиш ёфтааст.
Ба гуфтаи ӯ, агар қаблан ҳамарӯза тақрибан 20 шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ихроҷ мешуданд, ҳоло ин рақам ба 12 нафар дар як рӯз коҳиш ёфтааст. Яъне дар соли гузашта ҳар моҳ тақрибан 360 тоҷик аз Русия ихроҷ ва ба Тоҷикистон омадаанд.
Бо вуҷуди пойфишории хабарнигорон, Ҳабибулло Назарзода рӯзи 29-уми январ рақами дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки давоми соли гузашта аз Русия депорт шудаанд, зикр накард.
Ин дар ҳолест, ки худи ӯ дар нишасти матбуотии моҳи июли соли гузашта гуфта буд, ки давоми 6 моҳи аввали соли 2024 аз фурудгоҳҳои Русия 3400 шаҳрванди Тоҷикистон “депортатсия” шудаанд.

Ҳамчунин, он замон вазири пешини меҳнату муҳоҷират Гулнора Ҳасанзода иттилоъ дода буд, ки дар ин давра 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шудаанд.
Қаблан, хабаргузории "ТАСС" бо такя ба мақомоти ин кишвар иттилоъ дода буд, ки дар соли гузашта беш аз 80 ҳазор муҳоҷири корӣ бо далели нақзи қоидаҳои будубоши муҳоҷират аз Русия ихроҷ шуданд. Аксаран муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон барои таъмини рӯзгори худ ба Русия мераванд.
Ҳабибулло Назарзода сабаби аслии ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистонро “номутобиқатии ҳуҷҷатҳои онҳон” маънидод кард. Вай таъкид кард, ки риояи қоидаҳои муҳоҷират ва дуруст тартиб додани ҳуҷҷатҳо барои пешгирии чунин ҳолатҳо муҳим аст.
Бояд гуфт, пас аз ҳодисаи "Крокус" дар Маскав фишору таъқиб ва боздошту ихроҷи муҳоҷирон дар Русия афзуд. Маҳз баъди ин ҳодиса мақомоти Русия ба маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин кишвар оғоз карданд.
Аз ҷумла давоми гузашта дар беш аз 10 минтақаи Русия корҳои гуногун барои муҳоҷиронро манъ карда, қонунҳои дигари ин кишварро пурзӯр карданд.
Соли 2025 барои муҳоҷироне, ки нияти кору зиндагӣ дар Русияро доранд, тағйироти зиёд мешавад. Шурӯъ аз ҳамин сол муҳоҷирони ғайриқонунӣ зери назорати қатъӣ хоҳанд буд, бинобар ин риояи ҳама қоидаҳои нав муҳим аст. Ин қоидаҳо кадомҳоянд? Дар ин мавод талош кардем, ки онҳоро муфассал шарҳ диҳем.
Гузориш: 79%-и об дар Осиёи Марказӣ барои обёрӣ сарф мешавад
Хишти аввал. Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс” 29-солагии худро таҷлил мекунад
“Умед доштем, ки ақаллан ягон сол кам мекунанд”. Додгоҳи кассатсионӣ ҳукми “чеҳраҳои сиёсӣ”-ро бетағйир гузошт
Ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ баргузор мешавад?
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста