Дар шаҳри Кувайт рӯзи чоршанбе, 5 феврал ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шуд.
Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, ҷаласа таҳти ҳамраисии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва вазири молия, вазири давлатии масоили иқтисодӣ ва сармоягузории Кувайт хонум Нура Сулаймон Ал-Фассам сурат гирифт.
Дар ҷаласа дурнамои ҳамкориҳои минбаъда мушаххас карда шуда, вобаста ба ин ҷонибҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои сарони ҳар ду давлат лоиҳаи харитаи роҳро оид ба боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориву сайёҳӣ муҳокима ва мувофиқа намуданд.
Аз ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузориҳои мустақими кувайтӣ ба соҳаҳои саноат, аз ҷумла истихроҷ, нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нақлиёт, авиатсияи гражданӣ, сайёҳӣ, маориф ва варзиш пешниҳодҳои мушаххас манзур гардид.
Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, ки барои дастгирии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистон-Кувайт таъсис дода шавад.
Зикр шуд, ки то имрӯз Фонди кувейтии рушди иқтисодиёти араб барои маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, ирригатсия ва инфрасохтори Тоҷикистон тахминан 200 миллион доллар ҷудо намуд.
Дар рафти ҷаласа тарафҳо амалӣ шудани хатсайрҳои мустақим ва афзоиши мусофиркашониро байни шаҳрҳои Душанбе ва Кувайт ба хушнудӣ пазироӣ карда, роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи авиатсияи гражданиро мушаххас намуданд.
Ҷониби Тоҷикистон дархост намуд, ки бо ҷалби сармоягузории кувайтӣ ширкатҳои ҳавоии муштарак таъсис дода шуда, инфрасохтори авиатсионӣ сохта ё азнавсозӣ карда шаванд.
Ҳамзамон масъалаи кушодани хатсайрҳои мустақими ширкати Кувайт эйрвейз ба пойтахтҳои ҳарду кишвар баррасӣ гардид.
Аз натиҷаи ҷаласа Протоколи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба имзо расонида шуд, ки дар он тадбирҳои мушаххас вобаста ба тавсеаи ҳамкориҳо зикр шуданд.





Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста